(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷавонони Хуҷанд зидди ифротгароён мубориза мебаранд

Дар толори маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр вохӯрии намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ роҷеъ ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, пешгирии ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ, амалҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ бо директорони мактабҳои варзишӣ, варзишгарон, падару модарони варзишгарон, ҷавонон баргузор гардид.
Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов чорабиниро ифтитоҳ намуд, аз ҷумла афзуд, ки бунёди давлати демократӣ ва дунявӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таъмин карда мешавад, яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамчунин, дар замони муосир, ки пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизму терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд. Ин мавзӯъ дар маркази таваҷҷӯҳ ва баҳси сиёсатмадорону сиёсатшиносон, рӯзноманигорон, ҷомеашиносон, уламои дин ва зиёиёни эҷодкор қарор гирифтааст. Экстремизм ба маънои томаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравӣ, аз ҳад гузаштан аст. Ин амалу зуҳурот метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба назар мерасад.
Прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум Арабшо Солизода доир ба баланд бардоштани маърифати ҳуқукии ҷавонон, оиди тарғибу ташвиқ, шарҳ ва ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, қайд кард, ки бо мақсади таъмин намудани нуфузи бештари суннатҳои фарҳангиву арзишҳои мардумӣ ва боз ҳам устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ бо ташаббуси Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳ сол пеш Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимхо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки ин санад дар самти ба низому тартиб даровардани маросиму ҷашнҳои милливу динӣ нақши барҷаста гузошт. То қабули қонун вазъи гузаронидани маросимҳои мардумӣ бисёр ташвишовар буд. Бо сабаби густариш ёфтани зоҳирпарастӣ ва паст гардидани сатҳи маърифати динии шаҳрвандон бисёр ҷашну маъракаҳои миллӣ ва маросимҳои динӣ, ки бояд дар доираи  хонавода ва наздикон сурат гиранд, ба маъракаҳои пурдабдабаву серхароҷот табдил ёфта, ба манфиати иқтисодиву иҷтимоии мардум зарари ҷиддӣ ворид менамуд.
Санаи 23 августи соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба мақомоти қонунгузории кишвар пешниҳод гардида, санаи 29 августи соли 2017 баъди интишори расмӣ ҳукми қонунӣ пайдо кард. Ҳамчунин доир ба ворид гаштани тағъироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ ва як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин маълумоти муффасал дода шуд.
Намояндагони кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва комиссариати ҳарбии шаҳр низ баромад намуда, роҷеъ ба гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, хатари терорризму экстремизм, тарбияи ҷавонони муосир дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ, даъват ба хизматӣ ҳарбӣ ва ғайраҳо маълумоти муфассал доданд.
Роҳбари федератсияи карате-до ҷундокан Фозилҷон Ахмедов  баромад намуда,  аз ҷумла қайл намуд, ки барои дар амал татбиқ намудани гуфтаҳои ироашуда, мо бештар ба тарбияи рӯҳию ҷисмонии насли наврас аҳамият дода, эшонро дар руҳияи ватандӯстӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию байналмиллалӣ омода намоем. 
Бахтиёр Исматҷонов, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд чорабиниро ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид сохт, ки ҷавонон ва варзишгаронро зарур аст, ки дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонон ҳисси баланди миллқ, эҳсоси худшиносиву ватандустқ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омузиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдустӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намуда, ҳамчун фарзандони шоистаи давру замон кору пайкори насли имрузаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонем”.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд