(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ихтироот: Ракетаи «Сомон» мақоми дуюмро гирифтДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд даври ниҳоии озмуни «Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони шаҳр» баргузор ва ғолибон муайян карда шуданд.
Раъно Ҳошимзода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси комиссияи озмуни мазкур чорабиниро ифтиттоҳ намуда, аз ҷумла таъкид сохт, ки озмуни мазкур тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо мақсади рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёти шаҳр ва бахшида ба эълон соли 2017 «Соли ҷавонон» байни хонандагони муассисаҳо таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯёну олимони ҷавони донишгоҳҳо гузаронида мешавад. Ихтироот: Ракетаи «Сомон» мақоми дуюмро гирифтМавсуф иттилоъ дод, ки давраҳои аввали озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони шаҳр дар самтҳои барномасозӣ ва низомҳои иттилоотӣ, дизайн ва меъморӣ, сохтмон, экология, геология, энергияи барқароршаванда, таҷҳизоти мошинсозӣ, маркшейдерия, техникаю технология ва илмҳои табиатшиносӣ дар макотиби миёна ва донишгоҳҳо баргузор гардида, ғолибон ба давраи ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Раъно Ҳошимзода гуфт, ки ғолиби озмун муаллифе дониста мешавад, ки бизнес-идеяи навоварии техникӣ, технологӣ, истеҳсолӣ, ташкилӣ ва ихтирооти ӯ дар рушду инкишофи илму техника, самаранокии хоҷагии халқ, пешрафти иқтисодии шаҳр қобили истифода гардад. Ихтироот бояд шарҳ ва асосҳо дошта бошад.
Сипас, 14 нафар нафар довталабон аз ҷумла Мирзоҳабиб Ҳоҷиев барномаи «Ба садогардонии матн» барои хондани матнҳо бо якчанд забонҳо навишташуда», Шеҳроз Усмонов «GSM видео-домофон бо қулфи электромеханикӣ», Бурҳониддин Шерматов «Усули нави мубориза бар зидди заргинаки сиёҳ». Азимҷон Муллоев «Индикаторҳои таббиӣ дар мисоли карами сурх», Отабек Мансуров барномаи «Таъминоти барномавии ёрирасон барои коркард ва таҳрир намудани матни тоҷикӣ». Алиҷон Эргашев «Web-портали таълимии webdesign.tj», Маъруфҷон Ёров «Автоматикунонии муассисаҳои табобатӣ», Муҳаммадхон Тӯрахонов ихтирооти илмӣ «Системаи иттилоотии идоракунӣ барои коллеҷ», Абдунабӣ Қосимов «Методика ва комплекси барномаҳо барои муайян кардани муаллифи матни номаълум». Парвиз Солиев «Системаи иттилоотии идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ», Азиза Муродова ихтироот бо номи «Ракетаи Сомон», Ҳотамҷон Ҳотамов аспоби ихтироъкардаи мошинаи хоҷагии қишлоқ «Ҳосилот», Баҳодур Абдуллоев аспоби сохтаи «Ҳавопаймои Сомон» ва Меъроҷ Маҳмудов асбоби сохта аз бахши радиоконструкторӣ «МЕХА-Т 34» (радиоприёмник) лоиҳаҳои хешро муаррифӣ намуданд.
Ҳайати ҳакамот баъди баррасӣ ва хулосабарорӣ ғолибонро муайян кард. Ва ҳамин тавр байни хонандагони таҳсилоти миёнаи шаҳр Меъроҷ Маҳмудов ҷойи аввал, Азиза Муродова ҷойи дуюм ва Ҳотамҷон Ҳотамов мақоми сеюмро соҳиб гардиданд.
Ғолибони донишҷӯён ва олимони ҷавон низ муайян гардид ва  Парвиз Солиев бо лоиҳаи «Системаи иттилоотии идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ» мақоми аввал, Бурҳониддин Шерматов бо ихтироъи «Усули нави мубориза бар зидди заргинаки сиёҳ» ҷойи дуюм ва Маъруфҷон Ёров бо лоиҳаи «Автоматикунонии муассисаҳои табобатӣ» ба зинаи сеюм соҳиб гардиданд.
Ба ғолибони макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ аз 750 сомонӣ то 2000 сомонӣ ва донишҷӯёну устодони ҷавон аз 1000 сомонӣ то 3000 сомонӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маблағҳои пулӣ дода мешавад. Ҳамчунин ба ғолибон сипоснома ва шаҳоданомаи озмун низ тақдим мегардад.
Бояд зикр намуд, ки чунин озмунҳо ба пешравии илму техника ва ҳавасманд намудани ташаббускориву фаъолияти ихтироъкорӣ ва навоварӣ дар байни ҷавонон хизмат намуда, дар шароити азнавсозиҳои ҷамъиятӣ омили муҳими такмили муносибатҳои истеҳсолӣ бояд гардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд