(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Рӯзи чароғи равшангари дилҳоДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи омӯзгорон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аҳли маорифи шаҳрро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр намуд, ки «Суханварону мутафаккирон донишро чарощи равшан, ҷавшани тан, ганҷи бебаҳо, нерӯи дил, оромиши ҷон, обрӯю эътибор, ыудрату тавоноӣ, комёбию фирӯзмандӣ ва роҳату саодат дониста, ба ҳар василае андӯхтани илму донишро тарщибу ташвиы намудаанд. Маҳз ин ҳама ибораҳои рехтаву зебо, ки дар васфи донишу хониш гуфта шудаанд, аз меҳнату ранҷу бедорхобӣ ва фидокориҳои омӯзгор сарчашма мегиранд. Омӯзгор бо дарки масъулияти баланд ба таълиму тарбияи насли наврас машщул гардида, меҳри илму донишандӯзиро дар ыалби шогирдон ҷойгир мекунад. Таҷлили Рӯзи чароғи равшангари дилҳоМаъруф Муҳамадзода афзуд, ки «Шахсияти омӯзгор намунаи баланди одамият ва таҷассуми фазилатҳои писандида эътироф шуда, тавозӯъ ва хоксориаш нишони арҷмандӣ, сарбаландӣ ва забардастии ӯст. Ранҷу машаыыат ва заҳмату шабзиндадориҳое, ки омӯзгор барои тарбияи насли шоиста таҳаммул мекунад, сарчашмаи файзбахши зиндагист, ки ыалби шогирдонро ҳар лаҳза шодоб месозад».
Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода изҳори боварӣ намуд, ки устодон ҷавобан ба щамхориву таваҷҷӯҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомату кӯшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиылолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шогирдон, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар хоки поки муыаддаси ватанамон саҳмгузор гардида, парчами илму донишро дар замири ҳар як хонанда партавафшон менамоянд.
Сипас ба як қатор машъалафрӯзонаи соҳаи маорифи шаҳр унвону ифтихорнома ва сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Хонандагон дар васфи муаллиму шеъру таронаҳои хешро ироа намуданд. Ситораҳои санъати эстрадаи шаҳри Хуҷанд бо сурудҳои дилангези хеш ба чорабинӣ ҳусни дигар зам намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд