(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altҲамшаҳриёни азиз!
Ҳар сол рӯзи 5 - уми октябр дар қаламрави кишвар чун Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат тамоми соҳибзабонон, сокинони Хуҷандшаҳрро табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо хушбахтиву некрӯзӣ ва дар роҳи пурифтихори ватандӯстиву ватандорӣ азму иродаи қавӣ орзу дорам.
Забон баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик буда, бо истиқлолияти Ватани мо пайванди ҷовидонӣ пайдо кардааст.
Имрӯзҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳар шаҳрванди соҳибдилро мебояд, ки забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои беруна эмин нигоҳ дорад.
Сарбаландии мо, мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз он сарчашма мегирад, ки соҳиби забонем, ки ба он соли 1989 мақоми давлатӣ бахшидем. Ифтихори миллӣ, Ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он сар мешавад. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикист, ки он барои ҳар сокини ин кишвари соҳибтамаддун азизу гиромӣ гаштааст.
Забони тоҷикӣ ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигаҳдорӣ мешавад. Аз ин рӯ, сиёсати давлат дар бораи забон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сиёсати давлатӣ дар таъмини рушди бомароми забони давлатӣ ва забонҳои дигари ҷумҳурӣ равона шудааст.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои пешин бой гардонидани захираи луғавии ин забони нобу шоирона, вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад. Мо бояд дар шароити кунунӣ ба рушди забонамон эътибори ҷиддӣ диҳем ва онро аз таъсири манфии ҳар гуна унсурҳои бегона эмин нигоҳ дорем».
Забон таърихи зиндагии миллат ва пайвандгари наслҳои дирӯзу имрӯзу фардо мебошад. Забони тоҷикӣ, лафзи ширини модарии мо аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад ва бо осори Рӯдакию Фирдавсӣ, Саъдию Хайём, Ҳофизу Камол, Турсунзодаву Лоиқ ва бисёр дигар  роҳпаймоёни адабиётамон шӯҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст.
Таҷлил гирифтани ин санаи муборак эътиқоду эҳтиром ва арҷгузории имрӯзиён ба забони тоҷикӣ, ба фарҳанги асил, ба авлоду аҷдоди сарбаландамон аст, ки новобаста аз гирдобҳои таърихӣ забони модарии хешро чун асли тоҷик ҳифз кардаанд, аз бадалшавӣ ба забонҳои ғайр эмин доштаанд.
Забони модарӣ баёнгари сарнавишти тоҷикон, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост. Аз ин лиҳоз, ҳифз кардани забони тоҷикӣ, нигаҳдорӣ ва сайқал додани он вазифаи муқаддас аст.
Ҷашни Рӯзи забони давлатӣ, рӯзи забони модарӣ ба ҳамаи сокинони шаҳр ва ҳамватанони азизамон, дӯстдорони калому сухани ноби тоҷикӣ муборак бошад!