(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Нимаи дуюми имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раисони ноҳияҳои Деваштичи вилояти Суғд, Рашт, Нуробод, Лахш ва Сангвор суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Зимни суҳбат раисони ноҳияҳои номбурда ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода ва иҷрои дигар дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот доданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати роҳбарони ноҳияҳои Деваштич, Рашт, Нуробод, Лахш ва Сангворро ба иҷрои саривақти корҳо, кишти такрорӣ, истифодаи самараноки замин, ҷамъоварии беталафи ҳосил, аз ҷумла ғунучини картошка ҷалб намуданд. Супоришҳо ҳамчунин доир ба захираи хуроки чорво, маводи сӯзишворӣ, таъмини муассисаҳои тандурустию маориф бо ангишт ва дигар маҳсулоти зарурӣ, иҷрои корҳои созандагию ободонӣ, дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо бояд барои ба мардум расондани ҳадафҳои созандаи роҳбарияти давлату ҳукумат, риоя ва дар амал татбиқ кардани қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд