(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Номаи шодбодии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Ҳамшаҳриёни азиз!
Ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд шуморо самимона табрик мегӯям ва ба ҳар фарди соҳибватан хонаи обод, саломативу сарбаландӣ орзу менамоям. Дар радифи ҷашнҳои давлативу миллӣ ҷашнгирии Рӯзи шаҳр боиси сарфарозии мо хуҷандиён аст.
Бисту шаш сол аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои ороми Ватани азизамон хуршеди истиқлол бо  нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкоронаи моро, манзилу маъвои моро, имрӯзу фардоямонро мунаввар мегардонад.
Тоҷикон натанҳо саромадони  назму насру мусиқии оламгир, балки шаҳрсозони мумтозу беҳамто ҳам ҳастанд, ки бо сеҳри дастони муъҷизаофар шаҳрҳову кӯшкҳо бунёд намуда, ҷаҳониёнро ба ҳайрат овардаанд.

Хуҷанди куҳан, вале ҳамешаҷавони мо дар радифи шаҳрҳои Бухорою Самарқанд аз даврони муқаддам то ба имрӯз аз марказҳои машҳури илму фарҳанги Осиёи Марказӣ ва олами мутамаддин ба ҳисоб меравад.
Бояд тазаккур дод, ки Хуҷанд бештар бо фарзандони бузургаш – мунаҷҷиму риёзидони забардаст, устоди донишмандон Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ (асри Х), шоиру адибони номвар Собиту Садриддини Хуҷандӣ (асри ХI), Шайх Маслиҳатдин Бадеъуддини Нурӣ (асри ХII), Маҳастии Хуҷандӣ (асри ХII), Зиёуддини Хуҷандӣ (асри ХIII), Хоҷа Камоли Хуҷандӣ (асри ХIV) ва дигар ашхоси муътабараш ифтихор дорад.
Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик – намунаи рӯҳи шикастнопазир ва садоқати бепоён нисбати халқу Ватан буда, номи ин сарлашкари ҷовидон низ ҳамеша вирди забонҳо мебошад.
Дар маркази Шоҳроҳи бузурги Абрешим қарор гирифтани шаҳри Хуҷанд омили иртиботи доимӣ ба тамаддуни ҷаҳонӣ ва пешравию рушди маънавию иқтисодӣ гардид.
Тоҷирони маҳаллию хориҷӣ намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумиро ба кишварҳои дигар бурда, аз он ҷо низ осору намунаҳои ҳунарҳои мардумиро меоварданд. Имрӯз низ ин анъана идома дорад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намудаанд: «Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон ва дар айни замон аз ҷумлаи марказҳои муҳими саноатӣ мебошад, ки дар рушди бахшҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии мамлакат нақши муассир дорад».
Вақте ба таърихи беш аз 2500 - солаи шаҳри Хуҷанд назар менамоем, дармеёбем, ки он бо унвонҳои «Тирози ҷаҳон», «Арӯси дунё», «Беҳҷатмаол», «Мумтози шарқу ғарб» ном баровардааст.
Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварӣ ва раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои рӯзафзуни Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ шаҳри Хуҷанд аз ҷиҳати иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ хеле тараққӣ кард ва инкишоф ёфт.
Имрӯз шаҳр бо олимону адибон, муаррихону устодон, ҳунармандону санъаткорон, шаҳрсозон, умуман, мардуми шарафманди хеш ифтихор дорад. Сокинони шуҳратманди Хуҷанд ҳамеша ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо заҳмати ҳамарӯзаи худ ба пешрафт ва шукуфоии давлати  соҳибистиқлоламон саҳмгузорӣ карда истодаанд, ки нишондиҳандаҳои дастовардҳои мо дар чанд соли охир исботи гуфтаҳои болоянд.
Ҳамшаҳриёни азиз, ҳамаи Шумоёнро бори дигар бо Рӯзи шаҳр табрику муборакбод намуда, ба сокинони сарбаланди шаҳр саодатмандиву хонаободӣ таманно менамоям.