(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ташрифи шашмақомхонон ба Боғи Камоли Хуҷандӣ

Дар доираи Фестивали байналмилалии «Шашмақом» ки аз санаи 20 то 22 сентябр дар шаҳри Конибодом сурат гирифт, иштирокдорони он аз мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд боздид ба амал оварданд.
Меҳмонон зимни ташрифашон аз Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, мақбара, ҳайкал ва хона-музейи шоири номвари тоҷик шиносоӣ ба амал оварданд.
Зимни сӯҳбат Шоҳзафар Ризқизода, мудири бахши фарҳанги ноҳияи Рашт изҳор намуд, ки ин мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд моро ба ваҷд овард, бояд наврасону ҷавононамонро бештар бо ин таърихи кӯҳани хеш ошноӣ намоем. Зеро гаравидани ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ аз фарҳангу маънавиёти асили хеш дур будани эшон гувоҳӣ медиҳад. Бояд зикр намуд, ки гуруҳи меҳмонон иборат аз ҳунармандони Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳҳобов, шашмақомхонони шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор, Рашт ва шашмақомхонон аз ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ғайраҳо буданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд