(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аъзои ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд бештар мешавандДар толори маҷлисгоҳи Маркази фарҳангии шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода бо раисони кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ, ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони шаҳри Хуҷанд доир гардид, ки дар он муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ширкат дошт.
Чорабиниро раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Наим Маликисломӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, аз ҷумла қайд кард, ки бо мақсади ҳар чи бештар огоҳ шудан аз фаъолияти ҳизбӣ кумиҷроияи вилоятӣ тасмим гирифтааст, ки бевосита дар ҷойҳо бо аъзоёни фаъол сӯҳбат намояд. Чунин мулоқотҳо дар 8 кумиҷроияҳои шаҳру навоҳии вилоят қаблан доир шуданд ва чорабинии имрӯза идомаи ин силсиламулоқотҳост.
Сарфароз Фаттоҳзода зимни баромади худ фаъолияти кумиҷроияи шаҳриро ба риштаи таҳлил кашид. Аз ҷумла дар маърӯза зикр шуд, ки дар қиёс ба дигар шаҳру навоҳӣ раванди аъзошавӣ дар шаҳри Хуҷанд дар чанд соли охир вусъати тоза пайдо кардааст. Тайи се соли охир шумораи аъзо аз 7163 нафар ба 15912 нафар расидан худ далолати гуфтаҳои болоист. Ҳамчунин дар ин давра шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ ва кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ба тадриҷ афзуданд.  Номбурда аз ширкати фаъолонаи аъзоёни шаҳр дар ҷараёни баргузории озмуни ҷоизаҳо барои дарёфт дар риштаҳои филология, таърих, санъат ва журналистика ёдовар шуд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки аъзоёни кумиҷроияи шаҳрӣ соли равон чун ташвиқотчии беҳтарин миёни кумиҷроияи шаҳру навоҳӣ дониста шуданд. Дар идомаи суханронии худ Фаттоҳзода Сарфароз аз иштироки фаъолонаи ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони «Созандагони Ватан»-и шаҳр васф карда, нақши онҳоро дар пешбурди мавқеъ ва мақоми ҷавонон дар ҷомеа нек арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки кумиҷроияи шаҳрӣ дар аёдату баргузории аксияи «Роҳ ба сӯи мактаб», кӯмак барои зарардидагони сокинони деҳаи «Амондара»-и шаҳри Панҷакент  масъулияти баланд нишон дод.
Қабулгоҳи ҷамъиятии шаҳр дар ҳамкорӣ бо вакилон давоми 9 мох зиёда аз 283 муроҷиати шаҳрвандонро ҳаллу баррасӣ намуд.
Ҳамроҳ Атаева, муовини раиси кумитаи иҷроияи ибтидоии ба номи «Истиқлол» дар музокира аз фаъолияти ташкилоти худ гузориш дода, қайд намуд, ки ҳоло раванди аъзошавӣ ба ташкилотҳои ибтидоӣ хуб ҷараён дошта, танҳо дар панҷсоли охир шумораи аъзо аз 370 ба 1850 нафар расонида шуд. Дар ин росто фаъолнокӣ ва масъулияти аъзо хеле баланд бардошта шуда, ширкати аъзоён дар ҳама чорабиниҳо равшан ба назар мерасад.
Наим Маликисломӣ зимни баромади хеш миннатдории ҳизбиёнро ба кумиҷроияи вилоятӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иброз дошта, онҳоро бовар кунонд, ки минбаъд низ фаъолияти кумиҷроия густариш хоҳад ёфт ва ҳар як аъзо дар иҷроияи рисолати ҳизбӣ масъулият зоҳир мекунад.
Дар фарҷоми мулоқот ба чанде аз фаъолон медали ҷашнии 20- солагии ҲХДТ  ва Ифтихорномаю Сипосномаҳоро дар вазъияти тантанавӣ аҳли раёсат супориданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд