(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил мешавадСанаи 23-юми сентябри соли равон, соати 17:00 дар назди театри мазҳака-мусиқавии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ бо иштироки меҳмонони дохиливу хориҷӣ Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешавад. Бо ин мақсад аз тарафи Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода тамоми сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вазифадор карда шудаанд, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани чорабинии мазкур саҳмгузор бошанд.
Дар Рӯзи шаҳри Хуҷанд ҳамчунин хаймаи дастовардҳои соҳаҳои гуногуни шаҳр бо шумули маҳсули ҳунарҳои миллӣ, истеҳсолоти корхонаҳои саноатӣ, бофандагӣ, қаннодӣ, ширӣ, гӯштӣ ва ғайра ба маърази тамошо гузошта мешавад. Ҳамзамон озмуни шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарин» натиҷагирӣ, унвони навбатии «Шаҳрвандони фахрии шаҳри Хуҷанд» ва ба 15 нафар занҳои ҳунарманд грантҳои Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда мешаванд. Иштироки ҳунармандони номвари Тоҷикистон дар барномаи фарҳангии Рӯзи шаҳри Хуҷанд дар назар дошта шудааст.
Ҷоиз ба зикр аст, ки ин бори сеюм аст, ки ҳамасола санаи 24 сентябр чун Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҷлил карда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд