(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

Танзим-баракоти рӯзгор

Имрӯз низ дар доираи силсилавохӯриҳо ҷиҳати шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар мактаби хусусии «Ирфон», муассисаи таълимии таҳсилоти умумии №5 ва коллеҷи педагогии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд мулоқот сурат гирифт. Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саодат Аминҷонова, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромадҳояшон доир ба нуктаҳои муҳими Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор андешаронӣ намуда, ба саволҳои ширкаткунандагон ҷавобҳои мушаххас доданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд