(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ташрифи меҳмонони Шӯрои байнидавлатии ИДМ ба мавзеъҳои таърихии ХуҷандШоми дирӯз иштирокдорони ҷаласаи 15-уми Шӯрои байнидавлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) оид ба бехатарии саноатӣ ба Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ташриф ба амал оварданд.
Меҳмонон нахуст аз осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз толорҳои «Ҳаёти одамони асри санг», «Давраи фулузӣ» «Тамаддуни ориёӣ» «Эллинистӣ», «Толори таъриху тамаддуни халқи тоҷик» дидан намуда, таасуроти хуб бардоштанд. Меҳмонон зимни ташриф ба боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ аз мақбараи намодӣ, пайкараи навбунёди Хоҷаи бузургвор ва хона- музейи шоир ошноӣ пайдо намуданд. Ҳамчунин меҳмонон ба маҷмааи «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд низ ташриф оварданд. Бояд қайд намуд, ки меҳмонон аз давлатҳои Арманистон, Беларус, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Украина буда, барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои байнидавлатии ИДМ намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон даъват шудаанд, ки ин аз густариши ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва кишварҳои аъзо гувоҳӣ медиҳад.
Ҷоиз ба зикр аст, ки меҳмононро муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ҳамроҳӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд