(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мулоқот бо Маҳмадалӣ ВатанзодаДар толори театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд мулоқоти Маҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулини соҳа ва раисони комиссияҳои доимии маҳаллии шаҳру навоҳии вилояти Суғд оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Рустам Раҳматзода муовини аввали Раиси вилояти Суғд чорабиниро ифтитоҳ намуда, дар бораи моҳият ва мазмуни мулоқот андешаронӣ карда гуфт, ки баҳри фаҳмонида додани нуқтаҳои муҳими Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ин ҷо ҷамъ омадаем. Мулоқот бо Маҳмадалӣ ВатанзодаМаҳмадалӣ Ватанзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ зимни баромади худ гуфт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намуданд. Лоиҳаҳои пешниҳодгардида дар асоси дархосту пешниҳоди сокинони мамлакат зимни вохӯриҳо, баромадҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, инчунин зимни мулоқот ба муносибати 10 солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 11 июли соли 2017 баён гардида буданд, таҳия гардидаанд. Он чанде қабл аз ҷони мақомоти қонунгузории кишвар баъди баррасӣ ҳукми расмӣ гирифт.
Ҳадафи асосии тағйиру иловаҳо ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш аз ҳама пешгирӣ аз зиёдаравӣ ва баланд бардоштани сатҳу зиндагии мардум, муҳайё намудани зиндагии шоиста мебошад.
Маҳмадалӣ Ватанзода дар шарҳи чанде аз моддаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» истода, аз ҷумла қайд кард, ки дар қонун як қатор меъёрҳои нав мавҷуд аст, ки онҳо барои ҳимояи манфиатҳои аҳолӣ равона карда шудаанд. Аз ҷумла, дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Қурбон оростани дастурхони маънавии хоксорона ва роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ яке аз онҳост. Ҳамчунин тартиби нави гузаронидани хатнасур пешниҳод мегардад. Мувофиқи он минбаъд хатнасур дар доираи оила ва бе хизматрасонии санъаткорон гузаронида мешавад. Хатна бошад бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад. Дар ин маврид таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар ин самт омӯхта шуда, дар асоси ин омӯзиш пешниҳод манзур гардидааст. Гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода мешавад. Гузаронидани маъракаи ақиқа манъ карда мешавад. Зеро чунин маърака барои анъанаи миллии мо бегона мебошад. Ҳамаи ин чорабиниҳо бо мақсади сарфа намудани маблағҳои падару модарон ва пешгирӣ намудани пастшавии сатҳи зиндагонии мардум пешбинӣ карда мешаванд. Дар як вақт ба падару модарон ва дигар шахсони онҳоро ивазкунанда ҳуқуқ дода мешавад, ки аз маблағҳои сарфашуда то расидан ба синни балоғат дар бонкҳо ба номи писаронашон суратҳисобҳо кушоянд. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки имконияти молиявӣ доранд, ҳуқуқ дода мешавад, ки бо риояи тартиби муқарраркардашуда ва бо иштироки комиссияҳои доимии маҳаллӣ хатнасури хайриявии писарони бепарастор ва аз оилаҳои камбизоатро баргузор намоянд.
Ба моддаи 10 Қонуни мазкур тӯйи домодию арӯсиро ба танзим медарорад, низ тағйирот ворид карда шуда, дар баробари дигар маъракаҳои манъшуда, гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) манъ карда мешавад. Инчунин дар ин модда меъёре пешбинӣ гардидааст, ки мувофиқи он падару модари домоду арӯс ва ё шахсони онҳоро ивазкунанда бо маслиҳати тарафайн метавонанд ба ҷойи додани оши тӯй маблағи онро ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити зиндагии навхонадорон сарф намоянд. Бояд қайд кард, ки ин ташаббус аллакай дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат татбиқ шуда истодааст ва аз ҷониби мардум дастгирии худро ёфтааст.
Дигаргуниҳои ҷиддӣ ба моддаи 11 Қонун, ки маросими дафну азодориро танзим менамоянд, амалӣ гардидаанд. Мувофиқи ин тамоми маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом бояд гузаронида шаванд. Аз ҷумла маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Дар маросими дигари манъшудаи «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ» низ забҳи чорво ва додани таом манъ карда мешавад.
Хушбахтона чунин муқаррарот аллакай дар вилояти Суғд риоя мешавад ва он бояд дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ намунаи ибрат бошад.
Маҳмадалӣ Ватанзода ҳамчунин доир ба муҳтавои дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор, ки низ тағйиру иловаҳо пешниҳод гардида, ҷавобгарии шахсони алоҳида барои вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурзӯр карда шуданд, маълумот дод. Аз тағйиру иловаҳое, ки ба моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, барои риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим ҷавобгарии шахсони мансабдор ва шахсони ҳуқуқӣ пурзӯр карда шуда, андозаи ҷарима нисбати шахсони мансабдор аз 250-270 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне аз 12500-13500 сомонӣ то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 25 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст. Нисбати шахсони ҳуқуқӣ низ андозаи ҷарима аз 500-520 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне 25 -26 ҳазор то 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 35 ҳазор сомонӣ баланд бардошта шудааст.
Маърӯзагузор дар бораи дигар тағйиру иловаҳои қонунгузории кишвар маълумот муфассал дод. Сипас аз тарафи иштирокдорони мулоқот доир ба тартиби гузаронидани маъракаву анъанаҳои мардумӣ, сару либос, хатнасур, рӯзи таваллуд, оши тӯй ва ғайра саволҳо пешниҳод гардида ҷавобҳои қаноатбахш дарёфт карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд