(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Аёдати собиқадорони меҳнат ва камбизоатон

Баъди тантанаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар Кохи ба номи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва Раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд Ҷамшед Умарзода бо мақсади аёдат ба манзили собиқадори меҳнат, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ҳамроҳхон Тоҳироваи 93 сола, муаллимаи хизматнишондода Фотима Самадова, ашхоси камбизоат Каромат Маҳмудова ва Ҳурматой Усмонова ташриф оварда, кӯмакҳои молии  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодириро ба муносибати 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расониданд. Раиси Кумитаи идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода зимни аёдат зикр намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми роҳбарони мақомоти маҳаллӣ дастур дода шудаааст, ки ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатҳо, беморону барҷомондагон дасти кӯмак дароз намоянд ва эшон шодишарики ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гарданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни аёдат таъкид намуд, ки Мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд омодааст, ки баҳри кӯмак ва дастгирии доимӣ кӯмак намояд ва ин ғамхориву сарпарстӣ ва аёдат дар сиёсати меҳварии Давлату Ҳукумат қарор дорад.
Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат,  Ҳамроҳхон Тоҳирова, муаллимаи хизматнишондода  Фотима Самадова, ашхоси камбизоат Каромат Маҳмудова ва Ҳурматой Усмонова аз ин таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Давлату Ҳукумат сипосмандӣ намуда, дуои нек ва таманниёти идона намуданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки дар арафаи ҷашни 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз тарафи намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд беш аз 200 нафар ашхоси ниёзманду камбизоат ва ятиму бепарастор аёдат гардиданд. Чанд рӯз қабл дар Рӯзи Иди саиди Қурбон низ беш аз 2600 нафар ин қишри ҷомеа аз кӯмакҳо бархӯрдор шуда буданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд