(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Паёми табрикотии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲамватанони азиз!
Дар таърихи давлатдории навин санаи 9 сентябри соли 1991 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин чун Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидааст, ки имсол мо 26-солагии онро ҷашн мегирем.
Ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ бо камоли ифтихору шукргузорӣ Шумо - мардуми Хуҷанди бостониро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд самимона табрику муборакбод намуда, ба хонадони ҳар яки Шумо ободиву осоиш, хушбахтиву хушрӯзӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Тавре ки аз таърихномаи миллат аён аст, мардуми шарифи тоҷик дар солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва ин ҷанги бемаънӣ барои аз байн рафтани миллати тоза ба истиқлолият расида, замина гузошт. Хиради азалии мардуми тоҷик боло гирифт ва дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-ми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ва барпо гардид, ки дар он марди ҷасуру ватанхоҳ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид. Сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги шаҳрвандӣ нуқта гузошт ва имсол ба баргузории он Иҷлосияи таърихиву тақдирсоз 25 сол пур мешавад.
Чуноне ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд: «Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад.»
Сарбаландию хушбахтии мо дар он аст, ки тақдири имрӯзу фардои ватанамон дар ихтиёри худамон мебошад ва ҳар фарди бонангу номуси миллат ҳастӣ ва ҳаёти худро ба хотири озодиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ бахшидааст.
Ба шарофати Истиқлолият нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон сол аз сол боло меравад. Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон пайванди ногусастанӣ ва ҳамешагӣ бахшида истодааст.
Истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии милливу таърихӣ, эҳёи оину суннатҳо ва рушди илму адаб метавон марҳилаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони рушди неруи зеҳнӣ ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд. Маҳз ба шарофати истиқлолият сиришти маънавии миллати тоҷик тасмияти сиёсӣ пайдо намуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни 26-солагии Истиқлолияти худро дар шароити идома доштани равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳони пур аз таззодҳо таҷлил менамояд. Барои эмин мондан аз таъсири омилҳои манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ аҳли ҷомеа бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф диҳад, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри навин ҳифз намояд ва ваҳдати миллиро таҳким бахшад.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки чун дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қаламрави шаҳри Хуҷанд низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза мегиранд.
Ин ҳама шаҳодати равшани он аст, ки мо дар ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилонаву содиқона ва кору фаъолияти созандаву ободгароёна дар солҳои наздиктарин барои ҳар як фарди кишвар зиндагии шоиста ва рӯзгори ободро фароҳам меоварем. Дар марҳилаи кунунӣ ҳар як фарди ҷомеаро зарур ва қарз аст, ки муҳофиз ва нигаҳдори Истиқлолияти давлатӣ бошад ва бо эҳсоси саршори ватанхоҳию сулҳпарастӣ онро ба наслҳои оянда ба мерос гузорад.
Ҳамшаҳриёни гиромӣ!
Бори дигар ҷашни бузурги солгарди Истиқлолияти давлатиро ба ҳар як фарди Ватан самимона муборакбод гуфта, орзуманди он ҳастам, ки хуршеди озодию истиқлолият ба хонадони ҳар яки Шумо то абад нуру зиё бахшад ва файзу баракат афзояд!
Ҷашни истиқлол муборак, ҳамдиёрони азиз!