(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шабакаҳои барқи шаҳр соҳиби ошхона шуд

Дар доираи ҷашни 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идораи Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд маҷлиси идона баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода барқчиёнро бо фарорасии Иди Истиқлолият таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки  ягон кишвари дунё бе рушди энергетика тараққӣ карда наметавонад ва истифодаи ин захираҳо, хусусан, барои Тоҷикистон, ки соҳаҳои иқтисодӣ ва аҳолии он дар мавсими тирамоҳу зимистон бо танқисии шадиди нерӯи барқ рӯ ба рӯ мешаванд, амри зарурӣ ва ногузир аст. Тавре ки медонед, дар кишвари мо соҳаи энергетика сол аз сол рушд ёфта, Ҳукумати мамлакат барои ноил шудан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - таъмини истиқлолияти энергетикӣ тамоми имконияту захираҳоро сафарбар намудааст. Маъруф Муҳаммадзода аз дастовардҳои барқчиёни шаҳр ёдоварӣ намуда, қайд кард, ки маҳз дар замони Истиқлолият бо ибтикорот ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд инкишоф ёфта, бори аввал дар Тоҷикистон низоми биллингӣ дар соҳаи энергетика роҳандозӣ карда шуд ва он бо муваққият анҷом ёфт. Ин лоиҳа имкон дод, ки тамоми таҷҳизоти барқрасонии шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд таҷдиду азнавсозӣ шуда, талафоти неруйи барқ паст ва шиддатнокии беҳтар карда шуд.Ин иқдом пеш аз ҳама аз ҷониби муштариён истиқболи гарм пайдо намуд ва истифодаю пардохти барқ низ оқилонаву мақсаднок амалӣ карда шуда истодааст.
Намояндаи ҶШСК “Барқи тоҷик” Рустам Маҷидов ва раиси Кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликсломӣ ҳозиринро бо фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфтанд.
Сипас ба як қатор фаъолон аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сипоснома ва тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуд.
Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ҳамзамон дар ифтитоҳи ошхонаи нави идораи шабакаҳои барқи Хуҷанд иштирок намуда, онро тӯҳфаи беҳтарин ба барқчиёни шаҳр унвон намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд