(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

Қадршиносии пешқадамони арсаи меҳнат ба шарафи Истиқлолият

Субҳи имрӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии фаъолонони арсаи меҳнат, ғолибони озмунҳо ва пешқадамон ба муносибати 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро бо ҷашни 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, аз ҷумла гуфт, ки Истиқлолият ганҷи бебаҳо, неъмати азизтарин барои мардум аст. Истиқлолияти мо рамзи гӯёи озодии миллат ва мамлакат, соҳибихтиёрии давлат ва нишонаи равшани ватандориву ватандӯстии мо мебошад. Қадршиносии пешқадамони арсаи меҳнат ба шарафи Истиқлолият

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштаанд: «Истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир буда, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, бақои симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷикон, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоламон мебошад».
Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ки шаҳри бостонии Хуҷанд ҷашни пуршукӯҳи Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳою шоён ва нусратовар истиқбол мегирад ва ин шаҳодати равшани он аст, ки мо дар ватани биҳиштосои худ бо меҳнати софдилонаву содиқона ва кору фаъолияти созандаву ободгарона шуғл варзида истодаем. Шоистаи таъкид аст, ки  баҳри расидан ба ин комёбиҳои назаррас саҳми ҳар як сокини шаҳр, хусусан фаъолони инҷо ҳузурдошта назаррас буда, мутмаъин ҳастем, ки кору пайкори эшон ҳамчун намунаи ибрат ба насли наврас мерос боқӣ мемонад.
Сипас аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва Раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд Ҷамшед Умарзода ба 35 нафар ашхоси барӯманд ва собиқадорони меҳнат кӯмакпулиҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ тақдим карда шуд.
Ҳамзамон ба 45 нафар Ифтихорнома ва 23 нафар Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуданд. Ҷоиз ба зикр аст, ки 20 нафар роҳбарони чойхона ва тарабхонаҳое, ки дар фестивал-озмуни вилоятии “Оши палов” фаъолона иштирок карданд, бо Сипосномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қадршиносӣ гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд