(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аёдати 94 нафар кӯдакони имконияташон маҳдудДар арафаи ҷашни 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз тарафи намояндагони сарпарастон кӯдакони имконияташон маҳдуди муассисаи таҳсилоти томактабии №26 –и шаҳр аёдат карда шуданд. Ба онҳо тӯҳфаҳо хотиравӣ ва дастархони идона густурда шуд.
Бояд қайд намуд, ки кӯдакистони мазкур барои наврасони қувваи босирашон суст ва нобино пешбинӣ гардида, дар он 94 нафар таълиму тарбия мегаранд ва ҳамеша зери назорати қатъии шуъбаи маориф ва роҳбарияти шаҳр қарор доранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд