(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таъмири роҳҳои шаҳри Хуҷанд вусъат меёбад

Дар доираи корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба муносибати 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахри Хуҷанд корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ вусъат мегиранд.
Дирӯз аз тарафи идораи истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд дар кучаи Хушбахтии шаҳри Хуҷанд корҳои таъмиру азнавсозӣ сурат гирифт. Ин иқдом бо ҷалби сокинони маҳаллӣ, соҳибкорон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ гардид. Сокинони маҳал аз ин ташаббуси созанда изҳори хушнудӣ намуданд. Ҳамин тавр, аз баракоти Истиқлолияти давлатӣ ва таҳкими ваҳдати миллист, ки дар қатори дигар гӯшаву канори мамлакат корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар шаҳри Хуҷанд низ вусъати тоза касб мекунад. Бахусус, тибқи Барномаи вилоятии «Соли роҳҳои обод» дар шаҳр давоми солҳои 2014 - 2016 199 км роҳ, аз ҷумла 102 км роҳ пурра мумфарш ва 97 км роҳ аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд