(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хуҷанд

Субҳи имрӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ду мавзеъи шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид.
Ин ярмарка дар шафати Театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва дар назди бинои Кохи матбуот доир гардида, ба гуфти масъулин маҳсулоти пешниҳодгардида нисбати бозор 20-30 фоиз арзон мебошад.
Дар шафати театри мазҳака-мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ кишоварзони шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Куҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Спитамен, Конибодом ва Исфара молу маҳсулоти ниёзи аввалро пешниҳоди мардум гардониданд. Дар назди Кохи матбуот низ чунин  ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзи сурат гирифта,  кишоварзони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Ашт, Зафаробод, Деваштич, Айнӣ ва шаҳри Истаравшан маҳсулоти худро ба фурӯш гузоштанд. Дар ярмарка маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон, аз ҷумла як кило гушти гов 30 сомонӣ, картошка 2-2,5 сомонӣ, сабзӣ 1 сомониву 80 дирам, биринҷ 5 сомонӣ, тухм 50 дирам ба фурӯш гузошта шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд