(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аёдати Раиси шаҳри Хуҷанд ба муносибати Иди ҚурбонТибқи дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, ташкилоту сохторҳои мухталиф шахсони яккаву танҳо, бесарпаноҳмонда ва нафарони эҳтиёҷмандро аёдат намуда ба онҳо кӯмаки яквақтинаи моддӣ дастрас намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар арафаи Иди Қурбон ба хонаводаи чанде шахсони барӯманд, яккаву танҳо ташриф оварданд.
Мулоқоту сӯҳбати Раиси шаҳри Хуҷанд бо онҳо ки синнашон бештар аз 80 аст чун ҳарвақта гарму самимӣ буд. Маъруф Муҳаммадзода баробари табрикоти самимӣ аз ҳолу саломатии онҳо пурсон шуда, аз шароити зисти онҳо пурсон шуд. Пирони рӯзгордида барои таваҷҷӯҳу кӯмаки пайваста ба Пешвои миллат изҳори сипосмандӣ намуда шукри даврони имрӯзаро намуданд.