(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Барномаи муштараки фарҳангии ҳунармандони Суғду БадахшонШоми ҷумъаи 25 августи соли 2017 дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” барномаи калони идона бахшида ба “Соли ҷавонон” баргузор шуд.
Дар барномаи фарҳангӣ, ки таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” ҷараён гирифт, теъдоди зиёди ҷавонони вилояти Суғд ва иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд ҳузур доштанд.
Аҳли санъату ҳунари вилояти Суғд ва ВМКБ барои иштирокдорони чорабинӣ барномаи ҷолиби консертӣ намоиш доданд. Сарояндагон дар ин шом сурудҳоеро, ки тараннумгари сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату соҳибистиқлолии Ватани соҳибистиқлол буд, замзама намуданд.
Дар барномаи муштараки фарҳангӣ роҳбарияти вилоятҳои Суғду Бадахшон низ иштирок намуданд. Пас аз анҷоми барномаи муштараки фарҳангӣ мушакпарронии идона баргузор гардид ва бо ҳамин ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ба анҷом расид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд