(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Консерти меҳмонони бадахшонӣҲафтаи фарҳангии ВМКБ дар вилояти Суғдро консерти аҳли фарҳанги меҳмонон шукуҳи дигар бахшид. Он дар Амфитеатри Қасри Арбоб доир шуда, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Олуфта Бодурӣ, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед иштирокдори ин консерт буданд.
Сароғоз Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ сухан карда, ташрифи меҳмонони баландмақомро ба вилояти Суғд хайрамақдам гуфт. Зикр кард, ки туфайли сиёсати ваҳдат-парваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми сулҳхоҳу фарҳангдӯсти минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо ҳам аҳлу тифоқ мегарданд ва бо баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ ба вилоятҳои ҳамдигар ташриф оварда, аз урфу одат ва анъанаву фарҳанги якдигар огоҳ мешаванд. Консерти меҳмонони бадахшонӣДар навбати худ Раиси Вилоя-ти Мухтори Куҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед низ арзи сипоси худро ба Раиси вилояти Суғд ва дигар раисони шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати истиқболи гарму самимӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид расонида, аз номи мардуми ин вилоят ҳамчун рамзи эҳтиром ба Раиси вилояти Суғд туҳфаи хотиравӣ тақдим дошт.
Сипас, дар фазои орому якдигарфаҳмӣ санъаткорони ВМКБ барои болидахотирии сокинони вилояти Суғд барномаи фарҳангӣ доир намуда, табъи онҳоро хуш гардонданд. Бошандагони вилояти Суғд аз консерти доирнамудаи меҳмонон хеле шод шуда, то дергоҳ онро дар лавҳи хотирашон нигоҳ хоҳанд дошт.