(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Баргузории намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии мардуми ВМКБСанаи 24 августи соли 2017 дар доираи Ҳафтаи фарҳанги Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар вилояти Суғд дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, либосворӣ, асбобҳои мусиқӣ ва таомҳои миллии мардуми ВМКБ баргузор шуд.
Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Олуфта Бодурӣ, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва сокинону меҳмонони зиёди вилоят аз намоишгоҳи мазкур боздид намуданд.
Роҳбарони вилоятҳои Суғду ВМКБ аз намоишгоҳи мазкур боздид намуда, бо маҳсули дастони пурэъҷози сокинони Бадахшон аз наздик ошно гардиданд. Сокинони ВМКБ дар ин намоишгоҳ беш аз 1000 номгӯйи молу маҳсулотро аз қабили маҳсулоти кишоварзию саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ барои мардуми вилояти Суғд пешкаш намуданд.
Таваҷҷуҳи меҳмононро пеш аз ҳама маҳсули дастони рассомони Бадахшон, ки таҷассумгари табиати нотакрору афсонавии ин гӯшаи зебоманзари кишвар буданд, ба худ ҷалб намуд. Ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни намоишгоҳ ҳамчунин бо маҳсули ҳунарҳои дастӣ, нигористони табиати ин диёри хушманзар, сарулибос, санъату мусиқӣ, илму маориф, фарҳанг, адабиёти таърихиву омӯзишӣ, олоти рӯзгор ва дигар офаридаҳои дастони ҳунармандони Бадахшон шинос гардиданд.
Дар ин рӯз ҳамчунин роҳбарият ва меҳмонони ВМКБ дар пояи муҷассамаи шоир ва мутафаккири бузург Хоҷа Камоли Хуҷандӣ гул гузошта, аз хона-музеи шоир боздид намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд