(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Боздиди роҳбарияти ВМКБ аз Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” ва Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”Санаи 23 августи соли 2017 меҳмонони ВМКБ бо роҳбарии раиси ин вилоят Шодихон Ҷамшед дар идомаи сафар ба вилояти Суғд дар пояи муҷассамаи Шоҳ Исмоили Сомонӣ гул гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки пайкараи бошукӯҳи асосгузори давлати бузурги тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ соли 2011 дар шаҳри Хуҷанд, дар соҳили рости Сирдарё  ба истиқболи 20 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфта буд.
Ҳайати меҳмонон инчунин аз тамошои Маҷмааи таърихию фарҳангии “Истиқлол” таассуроти хотирмон бардоштанд. Ин маҷмааи бошукуҳ соли гузашта бо иштироки Пешвои миллат дар ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ба фаъолият оғоз намуда, имрӯз ба макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони маркази вилоят табдил ёфтааст. Меҳмонон қаблан аз харитаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври барҷаста тасвир ёфтааст, дидан карда, сипас бо осорхонаи маҷмааи таърихӣ, ки таҷассумгари таъриху маданияти ҳафт минтақаи Тоҷикистон мебошад, ошно гардиданд.
Гуруҳи меҳмонон инчунин дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” аз корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаи “Арча”, ки дар назди ҶДММ “Фортуна ва компания” бунёд шудааст, боздид намуданд. Коргоҳи мазкур соли 2015 ба фаъолият шуруъ намуда, беш аз 260 намуд дару тирезаҳои чубӣ ва плитаҳои тахтагӣ истеҳсол менамояд. Мутахассисони корхона баҳри баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулот аз усулҳои муосири истеҳсолот истифода мебаранд. Айни замон дар корхонаи мазкур 80 нафар фаъолият доранд, ки панҷоҳ дарсади онҳоро бонувон ташкил медиҳанд.
Таваҷҷуҳи меҳмононро ҳамзамон фаъолияти корхонаи муштараки «Силкоат бойя» - и Тоҷикистону Туркия, ки ҷузви Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба шумор рафта, ба истеҳсоли навъои гуногуни ранг ва пардоздиҳӣ машғул аст, ба худ ҷалб намуд. Роҳбарияти корхонаҳои истеҳсолӣ омодагии хешро барои ҳамкориҳои судманд бо ВМКБ баён доштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд