(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Боздиди меҳмонони ВМКБ аз МОИ “Суғд”, ДДХ ва Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”Санаи 22 августи соли 2017, иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” шинос гардиданд.
Ҳайати меҳмононро роҳбарияти МОИ “Суғд” истиқбол намуданд ва сипас меҳмонон зимни боздид бо фаъолияти корхонаҳои гуногуни минтақаи озоди иқтисодӣ шинос шуданд.
Сипас меҳмонон-иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд. Меҳмонони ВМКБ-ро роҳбарияти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва устодону донишҷуёни ин муассисаи бузурги олии вилоят пешвоз гирифтанд. Нимаи дуюми рӯз меҳмонон ҳамчунин аз Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилоят ва коргоҳи “Дугонаҳо”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд