(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ташрифи меҳмонони ВМКБ ба ДДХНимаи якуми рӯзи сешанбеи 22 август зиёда аз 300 нафар меҳмонон-иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташриф оварданд. Меҳмонони ВМКБ-ро ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷӯразода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ва устодону донишҷуёни ин муассисаи бузурги олии вилоят истиқболи гарму самимӣ намуданд.
Иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд дар ошёнаи якуми бинои №1-и донишгоҳ аз дастовардҳои илмӣ ва эҷодии устодону донишҷуёни ин боргоҳи маърифат ошноӣ пайдо намуданд. Ҳамзамон дар ҷараёни ташрифи хеш меҳмонон аз лабараторияи химия ва осорхонаи зоологияи факултети биология-химия, лабараторияи кафедраҳои физикаи умумӣ ва ҷисмҳои сахт ва электроника, намоиши рассомон, наққошон, кандакорон, сарояндагон, навозандагон, дӯзандагон ва дигар дастовардҳои устодону донишҷӯёни факултетҳои санъат, санъати тасвирӣ ва технология дидан намуданд.
Дар охири ташриф чун рамзи муҳаббат ва дӯстӣ аз ҷониби ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба меҳмонон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар маҷмуъ меҳмонон-иштирокчиёни ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо таасуроти неку хотирмон рафтанд.

Маркази иттилоот
ва таҳлили раёсати донишгоҳ