(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Машварати кормандони соҳаи маориф баргузор гардидДар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №16 машварати кории омӯзгорон, директорон, ҷонишинони директор, кормандони иттифоқи касаба, китобдорон ва муҳосибони мактабҳои шаҳр баргузор гардид. Дар рӯзи аввали машварат омӯзгорони шаҳр аз рӯи ҳамаи фанҳои таълимӣ дар ҳуҷраҳои алоҳида ҷамъ омада, бо шунидани маърӯзаҳои илмӣ фикру андешаҳояшонро баён доштанд.
Чунин машварати корӣ бо иштироки директорон, ҷонишинони директор, кормандони иттифоқи касаба, китобдорон, маркази дарёфти рушди истеъдодҳо ва муҳосибони мактабҳои шаҳр дар рӯзи дуввум баргузор гардид. Дар ҳар як бахш беш аз панҷ маърӯзаи илмӣ шунида шуда, перомуни он иштирокчиён мубодилаи афкор намуданд. Дар кори машварат муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода, мудири шуъбаи маориф Илҳом Султонӣ иштирок карда, аҳли маорифро ба муносибати оғози соли нави таҳсил табрику таҳният гуфтанд. Раъно Ҳошимзода вазъи маорифи шаҳрро таҳлил намуда, масъулинро вазифадор намуд, ки барои ислоҳи камбудиҳо чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Тайи ду рӯз машварати кории кормандони маорифи шаҳри Хуҷанд дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ гузашта, иштирокчиёни он аз дастоварду комёбиҳо ва навгониҳои соҳа огоҳии комил пайдо карданд.