(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Шумо, табибони ҳозиқ, ҳамшираҳои шафқат ва собиқадорони муассисаҳои тиббиро бо Рӯзи кормандони тиб самимона табрику муборакбод мегӯям. Орзу дорам, ки тандуруст, сарбаланду саодатманд ва ҳамеша омода ба ҳифзи сиҳатии омма бошед.
Дар сатҳи баланди маънавию фарҳангӣ таҷлил кардани иди касбии кормандони тиб, воқеан, ба зодрӯзи асосгузори тибби ҷаҳон, нобиғаи оламшумул, олим, файласуф, донишманд, классики адабиёти тоҷику форс ва энсиклопедисти беҳамто Абӯалӣ ибни Сино рост меояд.
Саломатӣ барои инсон давлати бузург ва аз зару зевар қимматтар аст ва ана ҳамин сиҳатиро маҳз табибон ва кулли кормандони муассисаҳои тандурустӣ ҳифз мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи хеш ба рушди иҷтимоиёт ва иқтисодиёти кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, таъкид доранд, ки «Агар ҳадафи мо бунёди ҷомеаи солим ва соҳибмаърифат бошад, пас таваҷҷуҳамонро ба ҳифзи саломатии ҳар як инсон равона намоем. Дар хотир дорем, ки танҳо насли аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим метавонад бунёдгузори ҷомеаи нав бошад».
Мусаллам аст, ки фаъолияти самаранок ва ҳадафманди ташкилоту корхонаҳо, аз ҷумла муассисаҳои тиббии кишвар бидуни фароҳам овардани заминаи мусоиди моддиву техникӣ ғайриимкон аст.
Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳоро дар соҳаи тандурустӣ самти афзалиятнок арзёбӣ намуда, маблағгузориро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим сол аз сол афзоиш дода, шароити инфрасохтори соҳаро ба талаботи замон мутобиқ гардонида истодааст.
Айни ҳол тавассути амалӣ гардонидани тадбирҳои зарурӣ дастрасии кӯмакҳои аввалияи тиббию санитарӣ ба аҳолии кишвар тавсеа ёфта, бунёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияҳои навтарини ташхису табобат бомаром идома дорад.
Дар шаҳр 16 муассисаи тиббӣ фаъолият дорад ва муҳимаш дар онҳо беҳтарин табибон ва ҳамшираҳои шафқат кор карда, вазифаи хешро сидқидилона ба иҷро мерасонанд. Ҳамчунин табибони мо бо навовариҳо дар илми муосир ба густариши соҳаи тандурустӣ нақши арзанда мегузоранд.
Эътимоди комил дорем, ки кормандони соҳаи тандурустии шаҳр барои баланд бардоштани дараҷаи хизматрасонии тиббӣ ва ба ҳаёт татбиқ кардани тарзу усулҳои нав ба нави муолиҷа, мустаҳкам гардондани саломатии халқ, пешгирии интишори бемориҳо кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд.
Кормандони соҳаи тибро бори дигар бо иди касбиашон таҳният гуфта, дар кори боифтихору пурмасъулияташон баҳри ҳифзи сиҳатии ҷомеа комёбиҳо орзу мекунам.
Ҳамеша саодатманду сарфароз бошед!

Раиси шаҳри Хуҷанд                                       Маъруф Муҳаммадзода