(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили Рӯзи сохтмончиён дар шаҳри ХуҷандБа муносибати Рӯзи сохтмончиён дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вохӯрии Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода бо коркунони соҳаи сохтмон вохӯрӣ баргузор гардид. Чорабини бо сухани ифтитоҳӣ Раиси шаҳр оғоз гардида, сухан ба муовини Раиси шаҳр Аюбҷон Раҳматзода дода шуд. Мавсуф табрикоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро ба ҳозирин расонида, аз комёбию дастовардҳои сохтмончиён ҳарф зад.
Дар интиҳо, сипосномаи Раиси шаҳр ба 12 нафар собиқадорону пешсафони соҳа супорида шуд.
Намояндаи Ассотсиатсияи сохтмончиён ва лоиҳакашони вилояти Суғд Муминҷон Бобоев ва собиқадори соҳа Муминҷон Орифов арзи сипосӣ сохтмончиёнро барои қадршиносӣ ба Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода изҳор намуданд.