(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Кулли сохтмончиён ва алоқамандони соҳаро бо иди касбӣ, иди меҳнат, созандагӣ ва бунёдкорӣ - Рӯзи кормандони сохтмон сидқан аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муборакбод менамоям. Барои ҳар яки онҳо тани сиҳату хотири ҷамъ, рӯзгори обод ва дар меҳнати пурифтихорашон баҳри ободию шукуфоии кишвари азизамон муваффақиятҳо хоҳонам.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд меҳнати бунёдкоронаи сохтмончиёнро ҳамеша қадр мекунад.
Бинокорони сарбаланди шаҳри Хуҷанд даъвати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба вусъат додани корҳои сохтмону ободонӣ пешаи худ намуда, баҳри иҷрои ин рисолати пуршараф кӯшишу ғайрати зиёд доранд. Мардуми меҳнатқарину офаранда азм дорад, ки зиндагии инсонҳо ободу зеботар, шаҳр тозаву дилработар гардад. Давоми чанд соли охир қомат афрохтани биноҳои таъиноти иҷтимоию истеҳсолӣ, таъмири кӯчаю роҳҳо, бунёд ёфтани даҳҳо иншооти хоҷагии халқ, хиёбону гулгаштҳо, мактабҳои замонавӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва бисёр дигар иншоотҳо, ки ба ҳусни маркази вилояти овозадори Суғд-шаҳри бостонию ҳамешаҷавони Хуҷанд ҳусни тоза зам мекунанд, эъҷози дастони гулофари бинокорон ва рисолати азалии авлоду аҷдоди сарбаланди мо мебошанд.
Ба кулли кормандони соҳаи сохтмони шаҳри Хуҷанд тансиҳативу хонаободӣ, дар ҷодаи обод ва хушманзар намудани диёр барори кор ва муваффақиятҳои беназир таманно дорам.
Идатон муборак, сохтмончиёни азиз!

Раиси шаҳри Хуҷанд                                              Маъруф Муҳаммадзода