(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Майдончаҳои варзишӣ меафзояндМайдончаҳои варзишӣ ягона ҷое мебошанд, ки дар он бачаҳои биноҳои баландошён бемалолу бехатар бозӣ мекунанд ва волидайни онҳо хотирҷамъ аз пайи кори хона мешаванд. Дар замони шӯравӣ дар ҳар микроноҳия, дар маҳалҳои аҳолинишин ин қабил майдончаҳо зиёд буданд ва то ҳол дар назди баъзе аз хонаҳои истиқоматӣ онҳо боқӣ мондаанд. Мутаассифона, дар замони бозсозӣ ва солҳои даргири ҷумҳурӣ майдончаҳои варзишӣ беназорат монда, ба харобазор табдил ёфтанд ва солҳои минбаъда онҳо аз тарафи шахсони алоҳида ба махозини тиҷоратӣ ё ба таваққуфгоҳи мошинҳо табдил ёфтанд.
Баъди мулоқотҳои Сарвари давлату Раиси вилоят бо соҳибкорон ва варзишгарон таваҷҷӯҳ ба майдончаҳои варзишии назди биноҳои истиқоматӣ зиёд гардид ва ҳоло аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода супориши қатъӣ дода шуд, ки майдончаҳо ба намуди пештара баргардонида шаванд ва ба бачаҳо шароити хуби фароғат муҳайё карда шавад. Ин аст, ки дар назди биноҳои истиқоматии баъзе микроноҳияҳо майдончаҳои варзишӣ барқарор гашта, кӯдакон дар соатҳои фориғ аз дарсу вақти таътил машғули бозиянд. Дар чанде аз дигар микроноҳияҳою маҳаллаҳо дар ҷойҳои мувофиқ майдончаҳои нав сохта мешаванд. Ин кори хайр ба тариқи ҳашар аз тарафи сокинони ин маҳаллаҳо сурат гирифта, дар он мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони инфиродии маскуни он маҳалла дасти ёрӣ дароз мекунанд.
Истиқоматкунандагони биноҳои 4, 5, 3, ва 1 маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд дар остонаи ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ соҳиби маҷмааи варзишӣ гаштанд, ки дар он ҳар бегоҳ дӯстдорони варзиш бо бозӣ машғул шуда, Мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро, ки барои бунёди он 180 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст, дуои нек мекунанд. Он аз тарафи Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд сохта шудааст, ки бошандагони биноҳои мазкур аз он самаранок истифода мебаранд.
Сайфулло Раҳматуллоев – раиси бинои 4-уми маҳаллаи мазкур, ки худ собиқадори соҳаи варзиш, Мураббии шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, 44 сол дар Кумитаи варзиши шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстон ва Конибодом фаъолият дошт, баъди ба нафақа баромадан хост, ки дар назди бинои истиқоматиаш як майдонаи варзишӣ бунёд кунанд. Ӯ иброз медорад, ки бинои 4-уми маҳаллаи 18-ум яке аз калонтарин биноҳои шаҳр маҳсуб ёфта, дар он 15 даромадгоҳ бо 156 ҳуҷра мавҷуд мебошад ва дар ҳар яке аз ин ҳуҷраҳо оилаҳое умр ба сар мебаранд, ки фарзандонашон ҳанӯз наврасу ҷавонанд. Бинобар ин, мавҷуд набудани майдончаи варзишӣ дар ин бино боиси беназорат мондани наврасону кӯдакон гашта, нороҳатии бошандагони биноро ба вуҷуд овард. Сайфулло Раҳматуллоев ҳамчун раиси бино  бо аризаи худ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд муроҷиат кард ва баъди сипарӣ шудани соле матлаби ӯ қонеъ гардонида шуд. Давоми 27 рӯз сохтмончиён на майдончаи варзишӣ, балки маҷмааи варзишӣ бунёд карда, боиси шодиву нишоти кӯдакону наврасон ва волидайни онҳо гаштанд. Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода бо ҳайати кории худ пеш аз оғози сохтмон ҳолати биноро аз назар гузаронида, талаботи бошандагони ин бино ва биноҳои ҳамҷаворро ба назар гирифт. Ин буд, ки дар мӯҳлати наздиктарин ин маҷмааи варзишӣ бунёд шуда, имрӯз наврасону кӯдакон андармони бозиянд.
-Боиси хурсандист, ки сокинони бинои мо бо ҳам аҳлу меҳрубонанд, - иброз дошт Сайфулло Раҳматуллоев, - ва ин омили асосӣ барои таъмир намуди берунии бино гашт.  Бо дастгирии ҳамдигар мо бинои худро, ки 40 сол инҷониб таъмир наёфта буд, зебо гардонида, ҷиҳати ободонӣ дар назди маҷмааи варзишӣ нишастгоҳҳо сохта насб гардонидем.
Ин марди серғайрат ният дорад, ки дар арафаи ҷашни Истиқлолият бо ҳашт дастаи синну соли 12-14 ва 14-16-сола мусобиқаи варзишӣ доир намояд ва ба ғолибон Ҷому медал ва Ифтихорнома тақдим созад. Барои тозаву озода нигоҳ доштани майдони варзишӣ наврасон худ ҳар рӯз дар он ҷо ҳашари  тозагӣ доир карда, ҳаракат доранд, ки он то дер ба онҳо хизмат расонад.
Ҳарчанд дар шаҳри Хуҷанд, ки маркази маъмурии вилояти Суғд аст, толорҳои бозии бачагона, аз қабили Лимпопову Хуршед ва Рио, боғҳои фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Наврӯзгоҳ фаъолият доранд, ҳамоно эҳтиёҷ ба майдончаҳои варзишӣ кам нест. Зеро ин майдончаҳо дар назди биноҳои истиқоматӣ созмон дода шуда, ба тариқи ройгон истифода мешаванд. Барои дилпурии волидайн, барои ҷалби насли наврас ба соҳаи варзиш, барои нигоҳ доштани ҷавонон аз корҳои ношоиста ва гаравидан ба ҳизбҳои ғайриқонунӣ сохтани майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои истиқоматӣ ногузир мебошад.

Мавзуна Ваҳҳобова