(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҳамшаҳриёни азиз!
Варзишгарони мӯҳтарам!
Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Шумоёнро бо Рӯзи варзишгарон табрику таҳният гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, бахту иқболи баланд ва дастовардҳои бузурги варзиширо таманно дорам.
Ба шарофати истиқлолияти мамлакат чун дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол дар қаламрави шаҳр низ бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, соҳаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рушду таҳким ёфта истодаанд. Аз ҷумла, соҳаи варзиш чун омили камолоти ҷисмонӣ ва тавоноии мардуми диёр пазироӣ ва мавриди таваҷҷӯҳу эътибор қарор дода шудааст.
Воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дӯстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд.
Зимни суханрониҳои хеш Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштаанд, ки «Ҷавонони соҳибмаърифату босавод ва аз ҷиҳати ҷисмонию маънавӣ баркамолро тарбия намудан вазифаи боифтихор аст. Зеро, ки ҷавонони солиму пурқудрат – тандурустиву қудрати миллатанд».
Дар робита ба ин Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти сарварии Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷиҳати татбиқи дастурҳои Сарвари давлат комилан мусоидат намуда, баҳри рушди соҳаи варзиш ва тандурустии ояндасозони миллатамон заминаҳои дилхоҳ эҷод намояд.
Бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд беш аз 260 иншооти варзишӣ мавриди истифодабарӣ қарор дорад. Ҳамчунин, сохта ба истифода дода шудани толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ аз ҷониби мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ идома доранд.
Боварӣ дорем, ки варзишгарони шаҳр минбаъд низ дар мусобиқаҳо ва чемпионатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок намуда, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафи варзиш ва тамаддуни миллати тоҷикро маъруфият мебахшанд.
Бо чунин ниятҳои нек бори дигар Шумоёнро бо Рӯзи варзишгарон табрику муборакбод намуда, саодати рӯзгор, музаффариятҳои нав ба нав дар арсаи варзиш ва сазовор гардидан ба натиҷаҳои баланди варзиширо таманно менамоям.
Саломат бошед, варзишгарони саодатманд!

Раиси шаҳр                                                      Маъруф Муҳаммадзода