(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Муроҷиатномаи иштирокчиёни Форуми намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо таҳти унвони “Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат” бахшида ба “Соли ҷавонон”, 04.08.2017, вилояти СуғдМо, кормандони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, ҳамчун фарзандони бонангу ори ин сарзамин, ворисони асили миллату давлат, идомадиҳандагони роҳи пуршарафи ниёгон ва меросбарони гузаштагони сарбаланди ориёӣ, бо ифтихору сарфарозӣ изҳор менамоем, ки Ватани ободу зебо дорем ва номи муқаддаси он Тоҷикистон аст, ки баҳри ҳифзи ҳар ваҷаб хоки поки он ва барои миллати азизи хеш ҳастии худ, ҷони худ ва тамоми вуҷуди худро мебахшем.
Имрӯз мо – насли хушбахти замон, бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу суботи Ватани маҳбуб, дар қалбу шуур ва ҷисму ҷони худ меҳри ин Ватанро парварида шукрона мегӯем, ки чунин Пешвои миллат дорем. Дар симои Пешвои хирадманди худ мо роҳнамои оқил ва падари дилсӯзу ғамхорро пайдо кардаем. Маҳз мактаби башардӯстона ва сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ватандориву ватансозиро омӯхтем ва имрӯз атрофи мафҳумҳои худшиносиву худогоҳии миллӣ бо дили гарм ва муҳаббати фарзандона сухан мекунему баҳри ободиву гул-гулшукуфии он талош меварзем.
Дар доираи сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо – насли ҷавони кишвар, илм омӯхтем, соҳиби касбу ҳунар гаштем ва ҳамчун мутахассиси ҷавон дар пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат баҳри боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани маҳбубамон камари ҳиммат бастем.
Мо – иштирокчиёни чунин форуми пурмуҳтаво, пас аз бозгашт ба маҳалли худ бо таассуроти наву ташаббусҳои наҷиб донишу малакаеро, ки дар рафти ин чорабинӣ пайдо кардем, барои ободонии Тоҷикистони маҳбуб, тарғиби ғояҳои ватандӯстона, таҳкими дӯстиву бародарӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ истифода хоҳем бурд.
Мо – намояндандагони ҷавони вазорату идораҳо, масъулият ва қарзи фарзандии худро дар назди имрӯзу фардои миллат баръало эҳсос менамоем ва ваъда медиҳем, ки баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар тамоми кӯшишу заҳмат ва донишу малакаи худро сафарбар менамоем.
Мо эҳсос менамоем, ки дар ҷараёни тазодҳои ҷомеаи муосир гиромидошти муқаддасоту фарҳанги миллӣ аҳамияти фавқулоддаро касб намудааст. Аз ин рӯ, даст ба даст гирифта, якҷоя бар зидди бегонапарастӣ ва ҳуҷуми фарҳанги бегона мубориза мебарем.
Мо – мутахассисони ҷавон, ваъда медиҳем, ки минбаъд дар амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша пешсаф бошем. Пайрави хислатҳои наҷибу беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардем.