(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Тараннуми ҷавонӣИштирокчиёни Форум-намояндагони ҷавони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо таҳти унвони “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, ки тайи рӯзҳои 3-6 август дар вилояти Суғд доир гардид, ба шаҳри Хуҷанд низ ташриф оварда, зимни он аз Минтақаи озоди иқтисодии Суғд дидан карданд. Баъди боздиду пайдоиши тасаввурот аз фаъолияти ин минтақаи иқтисодӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҷавонони манотиқи гуногуни кишвар таассуроти наву муассир бардоштанд.
Сафари онҳо дар Муассисаи давлатии Маҷмааи таърихию фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» идома ёфта, онҳоро Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Олимҷон Зоҳидзода ҳамроҳӣ намуданд. Дар маҷмааи таърихии шаҳри Хуҷанд ҷавонони фаъоли ҷумҳуриро барномаи консертии омодакардаи бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд истиқбол намуд. Пас аз интиҳои консерти тараннумгари ҷавонӣ меҳмонон ҳамроҳи Маъруф Муҳаммадзода Раиси шаҳр ва Аҳтам Абдуллозода раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ ба пояи муҷассамаи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ гулчанбар гузошта, мақбараи ӯро зиёрат намуданд. Зимни боздид аз хонаи Камоли Хуҷандӣ иштирокчиёни Форум бо фарҳанги хонасозии хуҷандиёни асри миёнагӣ ошно гардиданд. Сафари онҳо дар майдони «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд идома ёфт.

М.Нозимӣ