(2 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Фестивал-озмуни «Бӯстон» дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар Кохи фарҳангии ба номи А. Рӯдакии шаҳри Хуҷанд фестивал озмуни телевизионӣ-ҷумҳуриявии «Бӯстон» баргузор гардид.
Дар намоиши барномаи консертӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода муовинони Раиси шаҳр ва роҳбарони чанде аз сохторҳои мақомоти маҳаллӣ ширкат намуданд. Мувофиқи талаботи низомномаи чорабинии мазкур давоми бештар аз як соат ҳунармандони ҷавон ва соҳибистеъдодҳои шаҳри Хуҷанд аз рӯи 8 намуд ҳунару истеъдоди худро манзури тамошобинон ва аъзоёни ҳакамон гардониданд.
Ҳамчунин дар даромадгоҳи ин муассисаи фарҳангӣ намоиши ҳунармандони халқӣ,- дӯзандагон қаннодон, атласу адрасбофон ва ғайра ба намоиш гузошта шуда буд. Ба ҳозирон ва аъзоёни ҳакамон суруди иҷронамудаи Шерзод Иномов бо номи «Тоҷикистон», рақси «Сезарба»-и Парвина Солиева, навозиши дутор бо номи «Меҳан», ки Сабрина Ҳаётҷонзода ҳамчунин саҳначаи ҳаҷвӣ дар иҷроии Фаррух Сангинов ва Баҳром Валиев иҷро намуданд писанд омад. Аъзоёни ҳакамон Ворис Абдураҳмонов ва Фирӯза Аюбҷонова ба истеъдоди ҳунармандони зикргардида баҳои баланд доданд.
Ба тамоми ҳунармандони дар ин фестивал-озмун ширкат намуда ҳамчунин «Диплом»-и Муассисаи давлатии «Сафина» тақдим карда шуд.