(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷаласаи навбатии  комиссияи  кор бо ноболиғон  баргузор шудҲафтаи равон ҷаласаи навбатии комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак таҳти роҳбарии раиси комиссия Раъно Ҳошимзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа зиёда 25 масъалаи марбут ба ҳуқуқи ноболиғон, аз он ҷумла таъин намудани васоят ва парасторӣ, ҷойгир намудан ва тамдиди  мӯхлати буду боши кӯдакон дар хонаи кӯдакони шаҳр, ба фарзандхонӣ қабул намудан, ва баргузории сӯҳбатҳои инфиродӣ бо ноболиғоне, ки ҷиноят содир намудаанд баррасӣ гардид.
Ҳайати комиссия бо назардошти манфиати кӯдакону ноболиғон қарору хулосаҳои дахлдорро ба тавсиб расонд.
Лозим ба ёдоварист,ки комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд аз аз 13 нафар иборат буда ҳамчунин ба ин комиссия намояндагони сохторҳои мухталифи мақомоти маҳаллӣ, муассисаҳои иҷтммоӣ, ҳифзи ҳуқуқ, идораи маориф, ҷавонон, кор бо оила ва занон шомил буда, мувофиқи талаботи санадҳои ҳуқуқӣ фаъолият мебарад. Мувофиқи талаботи қонун роҳбарии онро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои иҷтмоӣ ба ӯҳда дошта, фаъолияти  ҳамарӯзаи онро комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд,ки аз 2 нафар иборат аст, ба анҷом мерасонанд. Вобаста ба масъалаҳои дахлдор комиссия ҳуқуқ дорад шахсони масъули мақомоти давлатӣ ва ё ҷамъиятиро ба кори комиссия ҷалб намояд.