(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Оғози басти дуюми истироҳат бо ширкати Раиси шаҳрДар истироҳатгоҳи «Парвоз»-и шӯъбаи маорифи шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд басти дуюми истироҳати мактабиёни шаҳр оғоз гардид.
Дар маросими кушодашавии он Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иштирок намуда ба мураббиён муҳассилини макотиби шаҳр баҳри фароғату омӯзиши онҳо таманниёти нек намуд.
Аз ҷониби истироҳаткунандагон бо кӯмаки мураббиёни худ барномаи адабӣ мусиқӣ пешкаши ҳозирон гардид. Назар ба маълумоти масъулини шӯъбаи маорифи шаҳр дар таърихи фаъолиятиистироҳатгоҳи «Парвоз» ин маротибаи аввал аст, ки дар маросими кушодашавии истироҳатгоҳ Раиси шаҳри Хуҷанд  ширкат менамояд.
Дар басти дуюм 170 нафар хонандагони болаёқат ба истироҳат фаро гирифта шуда, наврасон баробари истироҳат ба маҳфилҳои ҳунарию фаннӣ ҷалб карда мешаванд. Чуноне, ки қаблан иттилоъ дода будем дар мавсими таътили имсола дар истироҳатгоҳи «Парвоз» се басти истироҳатӣ ташкил гардида дар басти якум бештар 150 нафар наврасон аз оилаҳои ниёзманд давоми 12 рӯз  истироҳат намуданд. Ду басти аввал аз ҳисоби маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ташкил шуда, барои омода намудани истироҳатгоҳ ба мавсими имсола ва таъмини мураббиёну хонандагон дар истироҳатгоҳ наздик 80 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.
Дар басти сеюм бошад волидайн имкон доранд бо пардохти 200 сомонӣ соҳиби роҳхати ин истироҳатгоҳ барои фарзандони худ гарданд.