(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Озмуни шоҳмоту шашка байни нобиноёнБо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар чойхонаи «Сирдарё»- маркази вилоят мусобиқаи шаҳрӣ оид ба намуди шашкаи русӣ ва шоҳмот байни нобиноён, бахшида ба соли 2017 «Соли љавонон» ва 20 солагии «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур 15 нафар аъзоёни Ҷамъияти нобиноён иштирок намуданд.
Ин мусобиқаи анъанавӣ дар баробари иштирокчиён мухлисони зиёди ин намуди мусобиқаро ҷамъ намуд, ки барои шавқовар гузаштани он мусоидат намуд. Доварони мусобиқа ғолибияти мусобиқаро аз рӯи намуди шашкаи русӣ байни занҳо ба Дилфуза Абдуғаниева байни мардҳо ба Абдуғафур Алиев муносиб донистанд. Байни мардони шоҳмонтбоз ғолиябият насиби Абдуҳамид Сатторов насиб гардид.

Дар лаҳзаи тантанавӣ мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Бахтиёр Исматҷонов ба ғолибон тӯҳфахои хотиравии Раиси шаҳри Хуҷандро супорид. Ҳамчунин ташкилкунандагони чорабинӣ барои иштирокчии аз ҳама калонсолтарин Аскар Қосимов низ тӯҳфаи хотиравӣ  тақдим намуданд.