(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.Имрӯз дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум баргузор гардид.
Иҷлосияи таҳти раёсати раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода баргузор гардид.
Вакилон баъди интихоби котибот ва тасдиқи масъалаҳои баррасишаванда ба шунидан муҳокима якуми рӯзнома «Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2016, № 4 “Дар бораи Барномаи миллии рушди иљтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2018”дар шаҳри Хуҷанд сухан ба муовини раиси шаҳр Ҳошимзода Раъно дода шуд. Баъди маърӯза раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Гулистон, №15 Назокат Ёрматова, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ №34 Алиҷон  Одинаев, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Инқилоб, №11 – Умедахон Муродӣ ба музокира баромада доири иҷроиши барномаи мазкур изҳори назар намуданд.
Вакилони маҷлиси шаҳрӣ аз рӯи масъалаи дуюм ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат, масоили оила ва занонро шуниданд.
Аз рӯи масъалаи мазкур раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Рифъат Ҳоҷиев, №28  Муяссар Раҳимова баромад намуд. Ҳамчунин  доири ҳисоботи вакилии худ вакил аз ҳавзаи интихоботии «Тути калон» Муҳаммадҷон Ёқубӣ дар назди ҳозирон  ҳисобот дод.
Ҳамчунин дар назди ваклон пешниҳоди мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Абдумубин Исоев баромад намуда барои тасдиқи вакилон лоиҳаҳои манзили истиқоматӣ ва иншооти навбунёдро муаррифӣ намуд.
Вакил Набиҷон Иброҳимзода бобати лоиҳаҳои пешниҳодгардида андешаҳои худро баён намуда, таъкид намуд, ки ҳангоми таҳияи лоиҳа  ва сохтмони иншоот  ба эътибор гирифтани хусусиятҳои маҳал,  ҷойгиршавии биною иншооти қаблӣ муҳим аст.
Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода қарорҳои Раиси шаҳрро доири тағийроти кадрӣ ба вакилон пешниҳод намуд. Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд  қарорҳои дахлдоррро доири аз вазифаи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд озод намудани  Раҳим Солизода, ба вазифаи муовини Раиси шаҳр таъин намудани Аюбҷон Раҳматзода ва ба вазифаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардидани Абдуваҳхоб Ҳомилзода тасдиқ намуданд.
Доири масъалаҳои баррасигардида намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Муқимҷон Саидов баромад намуд.
Баъди тасдиқи якчанд қарорҳои дигари Раиси шаҳри Хуҷанд иҷлосияи даҳум даъвати панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ба кори худ анҷом бахшид.