(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Таҷлили 20 солагии Ваҳдати миллӣ дар шаҳри ХуҷандИмрӯз дар Кохи фарҳангии ба номи А. Рӯдакӣ бо иштироки роҳбарияти мақомоти маҳаллӣ, фаъолон, зиёиён, собиқадорони меҳнат, ҷавонон ва намояндагони тамоми сохторҳои мухталиф маҷлиси ботантана ва барномаи идонаи консертӣ бахшида ба 20 солагии Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар қисмати аввали чорабинӣ баъдии садо додани Суруди миллӣ сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода табрикоти Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодириро ба ҳозирон расонд.
Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф  Муҳаммадзода доири моҳияти ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои маркази вилоят, ки бо шарофати пойдор гаштани сулҳу осоиштагӣ  ва  нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму арзишҳои миллӣ пойдории сулҳи деринтизор ва ваҳдати миллӣ дар суханронии худ изҳори андеша намуд. Таҷлили 20 солагии Ваҳдати миллӣ дар шаҳри ХуҷандБаъдан барномаи адабӣ-фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи шаҳру вилоят манзури иштирокчиёни чорабинии идона гардид.