(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Нархи бозорҳои шаҳр таҳти назорат астШуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо максади танзим ва назорати нархи махсулоти ниёзи аввала дар марказхои фуруши махсулот ва бозорхои маркази вилоят, аз ҷумла бозори «Панчшанбе» ҳамарӯза чораҳои мушаххас меандешад.
Нархи махсулоти маводи хӯрока, аз ҷумла махсулоти кишоварзӣ бо назардошти фасли сол ва ҳолати воридшавӣ ва бозори рақобату талабот тағирёбанда буда, он омилҳои таъсиррасони давраи иқтисоди бозоргонӣ ба ҳисоб меравад.
Дар баробари ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд масъалаи танзими нархҳои маҳсулот дар бозорро таҳти назорат қарор гирифта, ҷиҳати монитроринги нархҳои маҳсулоти ба фурушмондашуда, пешгирӣ намудани болоравии нархҳо бо роҳи таҳкими корҳои тарғиботию ташвиқотӣ,  пешниҳоди имтиёзҳо ба деҳқонон, муҳайё намудани шароити мусоид барои савдо ва ташкили ярмарка – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои нисбатан арзон тадбирҳои таъхирнопазир ва амалӣ андешида истодааст. Лозим ба зикр аст, ки таҳлилҳои нархҳои маҳсулотҳо дар бозори «Панҷшанбе» собит намуданд, ки нархи маҳсулотҳои хӯрока ба монанди орди навъи якум, нон, гандум, тухм, себ, шир ва гӯшти мурғ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар як сатҳ қарор дорад.
Маҳсулотҳо ба монанди биринҷ, мош, макарон, помидор, бодаринг, асал ва намак мутаносибан аз 10 то 20 фоиз арзон шудаанд.
Айни замон дар бозори «Панчшанбе» арзиши гӯшти гов 34- 35 сомонӣ буда, гӯшти гусфанд 39- 40 сомониро ташкил дода, он дар маълумоти оморӣ низ қайд гардидааст.
Њамзамон дар шаҳри Хуҷанд баҳри баланд бардоштани сифати хизматрасонии соҳаи савдо ва таъмини дастрасию босифат ба сокинон дар марказҳои савдо низ ба харидорон хизмат расонида мешавад, ки арзиши маҳсулот дар марказҳо аз бозор   тафовут дорад. Лекин новобаста аз ин, сохторҳои назоратӣ ва далхлдори мақомоти маҳаллӣ назорату танзими нархи маҳсулотро   қатъӣ ба роҳ мондаанд.