(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Яке аз кӯчаҳо номи Эҳсонҷон Машариповро гирифтЯке аз кӯчаҳои маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд, ки қаблан номи “Газчӣ”-ро дошт, ба номи Эҳсонҷон Машарипов гузошта шуд. Баъд аз пардабардорӣ аз рӯи лавҳаи ёдгории ин шахси накӯном, Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз хизматҳои шоёни Эҳсонҷон Машарипов ёдоварӣ намуд. Гуфта шуд, ки Эҳсонҷон Машарипов зодаи шаҳри Хуҷанд буда, тӯли фаъолияти хеш дар вазифаҳои роҳбари Идораи махсусгардонидашудаи пайвасткунии лӯлаҳои об, гармӣ ва газии шаҳри Хуҷанд, идораи сайёри механиконидашудаи “Союзтоҷикгаз”, трести таъмиру сохтмон дар гузаронидани гази табии, бунёди сохтмонҳои хуштарҳу замонавӣ, таъмиру азнавсозии биноҳои иҷтимоию фарҳангӣ назаррас аст.
Заҳматҳои Эҳсонҷон Машарипов бо ордену медалҳои “Нишони фахрӣ”, “Бунёди Тошканд”, “Шараф” қадршиносӣ карда шудааст. Эҳсонҷон Машарипов ду маротиба вакили Шӯрои депутатҳои шаҳри Хуҷанд ва ду маротиба вакили Шӯрои депутатҳои вилояти Ленинобод интихоб гардидааст.