(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шаҳри Хуҷанд ғолиби фестивал-озмуни гулҳо гардидДар интиҳои ҳафтаи сипаригашта дар Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд» бо иштироки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ, Раиси шахри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони кишварҳои хориҷӣ, ки ҷихати иштирок дар ярмаркаи байналхалқии савдо «Суғд 2017» омада буданд, ҳамчунин бо иштироки шумораи зиёди сокинони вилоят «Фестивали гулҳо» баргузор гардид.
Чун яке аз шартҳои ободу зебо гардонидани диёр  ин сабзу хуррам ва гулкорӣ намудани муҳити атроф  мебошад, дар ин фестивал ташкилоту муассисаҳо идора ва  муассисаҳои ободкорию сабзкории шаҳри Хуҷанд бо оро додани майдони ин маҷмаи таърихӣ ва саҳни даромадгоҳ бо гулу гулбуттаҳои ороишӣ компазитсияҳои гуногуни бо гулу сабза омодагашта ширкат намуданд. Шаҳри Хуҷанд ғолиби фестивал-озмуни гулҳо гардидБо хулосаи комиссияи тадорукот ва ҳайати ҳакамони озмун барои беҳтарин орош бо гулҳо шаҳри Хуҷанд соҳиби мақоми аввал ва ғолиби фестивали гулҳо дониста шуда, ба гулпарварони Хуҷанд бошад ҷойи дуюм насиб гардид.
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар лаҳзаи тантанавӣ ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода Ифтихорнома ва мукофотпулии ин озмуни зебоиро супорида барои саҳми арзандаашон барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани чорпабинии мазкур ба тамоми ташкилоту муассисаҳо ва  роҳбарони идораҳои ободонию гулпарварии шаҳри Хуҷанд изҳори сипосмандӣ намуд.