(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Натиҷагирӣ аз силсилавохуриҳо доир ба Ваҳдати миллӣДар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти ҷамъбастии гуруҳи кории Ҳукумати мамлакат, ки чанд рӯз инҷониб дар маҳаллаву идора ва корхонаҳои шаҳри Хуҷанд доир ба Ваҳдати миллӣ ва эълон гаштани соли 2017 -Соли ҷавонон ҷараён дошт, баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз натоиҷи пурсамари  мулоқотҳо ёдовар шуда, онро ҳадафрасида ва ба манфиати умум арзёбӣ намуд.
Сипас, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон профессор Ҳамидулло Фақеров баромад намуда, аз ҷумла гуфт, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар сарзамини мо даргириҳо ба вуҷуд омаданд. Душманони миллат ба ҳар васила мекӯшиданд, ки тарафҳоро ба шӯр андозанд ва низоъи бештар ба вуҷуд ояд. Шукронаи саодати миллат буд, ки дар Қасри таърихии Арбоб ба оғози сулҳи тоҷикон асос гузошта шуд ва марҳила ба марҳила то санаи 27 июни соли 1997 моро ба Ваҳдати комил оварда расонд.
Муовини ректор оид ба илми ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Хайрулло Сабуров доир ба арзишҳои баланди сулҳи тоҷикон ва дастовардҳои беназири замони Истиқлолият суханронӣ намуда, гуфт, ки халқи тоҷик марҳилаҳои хатарноки таърихиро паси сар намуда, имрӯз ба соҳибистиқлолии комил расид. Маҳз азму ирода ва талошҳои  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки кишвари мо марҳила ба марҳила рушд намуда истодааст.
Мудири кафедраи дипломатияи ДДҲБСТ Алимов Ботурхӯҷа роҷеъ ба се ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат ва расидан ба он ҳадафҳо андешаронӣ намуда, қайд кард, ки маҳз самараи Ваҳдат буд, ки Тоҷикистон дар қатори 10 давлати ислоҳотгаро шомил шуд. Дар амалигардонии ҳамаи ҳадафҳои стратегӣ комёб гардид. Маҳз суботи сиёсӣ буд, ки сатҳи зиндагии мардум хеле баланд шудааст ва қишри камбизоати мардум аз 80 фисад соли 1997 бо 30 фисад пойин шудааст.
Дар ҷараёни чорабинӣ ҳамунин раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ва муовини ректор оид ба таълими ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор ба музокира баромада, аз дастовардҳои беназирӣ Ваҳдати миллӣ ёдоварӣ намуданд.