(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мумфаршкунӣ дар маҳаллаи «Раззоқ» оғоз гардидДар шаҳри Хуҷанд тайи чанд соли охир корҳои таъмири роҳҳои дохили маҳалла вусъат пайдо карда, аксари кӯчаҳо мумфарш карда шудаанд.
Дар кӯчаҳои Абдуллоев, Исмоилов ва Академик Раҷабовҳои яке аз маҳаллаҳои қадимаи маркази вилоят,- «Раззоқ» корҳои таъмиру мумфаршкунӣ оғоз ёфт.
Оғози кӯчаи мазкур, ки дар шафати дарёи Сир ҷойгир шудааст, яке аз мавзеъҳои куҳантарини маркази вилоят ба ҳисоб рафта, ҳамзамон бо ҳунарҳои гуногун ва ҳунармандони худ маъруф аст.
Дар ифтитоҳи корҳои таъмиру мумфаршкунии кӯчаҳои мазкур Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ширкат намуданд. Кӯчаҳои мазкур ба дарозии беш аз якуним километр бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташаббуси худи аҳолӣ таъмир, аз ҷумла 0,4 километр пурра мумфарш карда мешавад. Азнавсозии роҳро Корхонаи давлатии Истифодабарии роҳҳои шаҳри Хуҷанд» ба уҳда гирифтааст. Зимни сӯҳбат бо сокинони маҳалла Раиси вилоят аз иқдомҳои созандагӣ дар вилоят ёдовар шуд. Аз ҷумла изҳор гардид, ки дар доираи Барномаи вилотии роҳҳои обод, ки шурӯъ аз соли 2014 дар вилоят эълон гардид, қисми зиёди роҳҳои вилоят ба таъмиру азнавсозӣ фаро гирифта шуд ва соли гузашта 2400 километр роҳҳо таъмир гардиданд. Имсол бошад, беҳтарсозии ҳолати боз 2200 километр роҳҳо дар вилоят ба нақша гирифта шудааст, ки 90 километри он дар шаҳри Хуҷанд воқеъ мебошанд. Аз ин масоҳат, беш аз 40 километр кучаҳои шаҳри Хуҷанд соли равон пурра мумфарш гардида, боқимонда аз таъмири ҷориӣ бароварда мешаванд.
Раиси вилоят аз ҳамовозӣ пайдо кардани иқдоми таъмири роҳҳо аз ҷониби аҳолӣ ва соҳибкорон изҳори қаноатмандӣ кард ва афзуд, ки ҳамаи ин ба шарофати пойдории сулҳу оромӣ дар кишвар рӯи кор омада, беҳтар кардани шароити зиндагии мардум дар маркази таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Таъмири кучаҳо барои аҳли маҳалла дар соли ҷашнҳои бузурги 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25 - солагии Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ тӯҳфаи арзанда ба ҳисоб рафта, онҳоро барои идомаи корҳои созандагӣ ҳидоят месозад.