(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар шаҳри Хуҷанд шанбегӣ гузаронида шуд.Мувофиқи дастури Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба истиқболи таҷлили 20 солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ имрӯз дар шаҳри Хуҷанд шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд.
Назар ба маълумоти пешниҳодгашта дар шанбегӣ  бештар аз 11 ҳазор нафар кормандони сохторҳои марбутаи Сарраёсати ободонӣ хоҷагию манзилӣ ва коммуналии шаҳр ҳамчунин ҳашарчиён аз тамоми корхонаю ташкилотҳо ва муассисаҳои маркази вилоят ширкат намуданд.
Давоми рӯз ба миқдори наздик 700 дона гулҳои ороишии мавсимӣ шинонда шуда, ба масоҳати 1800 метри квадратӣ майдонҳои сабзкорию гулпӯшкунӣ ташкил карда шуд. Ҳамчунин бо кӯмаки иштирокчиёни шанбегӣ ба масоҳати 4330 метри квадратӣ майдонҳои шаҳр аз алафҳои бегона тоза карда шуд.