(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таъмири роҳҳо дар шаҳри Хуҷанд идома дорад.Дар асоси нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд масъулину мутасаддиёни Идораи давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Хуҷанд ҳамарӯза маъракаи мумфаршкунӣ ва таъмири роҳҳоро вусъат бахшида, нақша доранд соли ҷорӣ 43,35-км роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди шаҳрро ба таъмиру таҷдид фаро гиранд. Айни замон бошад мумфаршкунии пурраи кӯчаҳои  ба номи  Т.Эрйигитов, Ф.Энгелс ва Р.Ҷалил ҷараён дорад. Масоҳати умумии таъмиршавандаи роҳ дар ин мавзеъ 3800-метри мураббаъро ташкил дода, то имрӯз 80-дарсади корҳо ба сомон расонида шудааст. Сокинони маҳалла аз чунин иқдоми мақомоти маҳаллӣ арзи хушҳоли намуда, таъкид медоранд, ки ин иқдом боиси боз ҳам беҳтару хубтар гаштани рафту омад дар тамоми фасли сол мегардад. Ҳамчунин дар дигар мавзеъҳои шаҳри Хуҷанд таъмири ҷориву яклухти роҳҳо идома дорад. Аз ҷумла ба таъмири кӯчаи Фирадвсии маркази шаҳр зиёда аз 10-нафар мутахассисон ҷалб гардида, хобонидани асфалт ҷараён дорад. Дарозии умумии кӯчаи мазкур 2,2 км-ро ташкил дода, бо риояи қоидаҳои роҳсозӣ таъмири кӯча ба роҳ монда шудааст. Бояд қайд кард, ки ба таъмиру таҷдид фаро гирифтани тамоми кӯчаву тангкӯчаҳои маркази вилоят шаҳри Хуҷанд дар асоси дастуру супориши бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба сомон расонида мешавад.  Мувофиқи нақшаи  тасдиқгардида соли равон дар шаҳри Хуҷанд бо мабалғгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Суғд  ва шаҳри Хуҷанд, соҳибкорон ва сокинон таъмири яклухти 39,3 км ва таъмири ҷории 4,05 км роҳ пешбинӣ  шудааст. Аз  ин ҳисоб то имрӯз 12-км роҳҳои маркази вилоят аз таъмири хушсифат бароварда шудааст. Умуман дар шаҳри Хуҷанд 164,9-км роҳҳои автомобилгард мавҷуд буда, масъулин азм доранд бо истифода аз боду ҳавои мусоиди фасли тобистон нақшаи таъмири роҳҳоро бо сифати баланд ба   иҷро  расонанд.