(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Маҳфили зарифон ва ҳозирҷавобон: Дастаи факултети сохмон ва нақлиёт ғолиб омадДар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон расм шудааст, ки чорабинии Маҳфили зарифон ва ҳозирҷавобон дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарад. Баргузории чорабинии навбатии тобистонаи озмуни мазкур дар остонаи ҷашни 20- солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ ва эълон шудани соли 2017- Соли ҷавонон худ фоли нек буда, дар расми ифтитоҳи чорабинӣ директори донишкада Саидӣ Дилафрӯз Раббизода кулли иштирокдоронро бо ин санаҳои фархунда муборакбод намуд.
Сипас, дар вазъияти тантанавӣ директори донишкада ба ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар риштаи варзиши сабук ва гӯштини миллӣ Файзуллозода Амир, Далер Мақсудов ва Насрулло Сулаймонов Сипоснома ва медалҳоро супорид.
Дар маҳфили зарифон ва ҳозирҷавобон 4 факултети донишкада як дастагиро бо ҳайати нави донишҷӯёни ҳунарманд пешкаши ҳозирин намуданд. Дастаҳо аз рӯи се шарт - муаррифии даста, видеролик ва вазифаи хонагӣ бо ҳам вориди рақобат шуданд. Ҳамаи дастаҳо аз рўйи шартҳои номбаршуда бо маҳорати баланд баромад намуда, истеъдод ва малакаи хешро ба маърази тамошо гузоштанд.
Ҳайати ҳакамот, ки иборат аз ҳунармандони театр-студияи ҳаҷвии «Теретория юмора» буданд,  баромади ҳар як гуруҳро дар алоҳидагӣ таҳлилу баррасӣ намуда, фикру андешаҳои хешро перомуни ба боз ҳам хубтар беҳтар намудани мазмуну муҳтавои он баён сохтанд. Аз ҷумла қайд шуд, ки ғайриинтизори дастаи факултети сохтмон таҳти унвони «Остров свободы» дар ду шарт пирӯзӣ ба даст оварда, ғалабаро таъмин намуданд. Ва ҷоми донишкадаро дар соли равон ба даст оварданд.
Дар шарти сеюми озмун донишҷӯёни факултети муҳандисӣ- иқтисодӣ бо номи «Неловкие моменти» аз худ маҳорати баланди актёрӣ нишон дода, хотири аҳли нишастро шод намуданд. Ин даста мақоми дуюмро соҳиб гардид.
Собиқ ғолибони озмуни солҳои 2015-2016 дастаҳои «Люди в черном» аз факултети муҳандисӣ- технологӣ ва «16 бить» аз факултети информатика ва энергетика мутаносибан ҷойҳои сеюм ва ҷорумро ишғол намуданд.
Директори донишкада ба ҳунару малакаи ҷавонон баҳои баланд дода, ба чанде аз донишҷӯёни фаъол тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.
Чорабинӣ хушу хотирмон ҷамъбаст гардид.

Абдусабури Абдуваҳҳоб,
котиби матбуотии ДПДТТ
дар шаҳри Хуҷанд