(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мусобиқаи “Тӯби чармин” Тибқи нақшаи Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд бо ҳамкории шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд  аз санаи 15 май то 7 июни соли 2017 барои дарёфти мукофоти «Тӯби чармин» мусобиқа оид ба футбол баргузор гардид. Ин мусобиқа бахшида ба соли 2017 «Соли ҷавонон» ва 20-солагии «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар байни наврасони солҳои таваллудашон 2000-2001, 2002-2003, 2004-2005 ва духтарон дар майдони футболи Муассисаи давлатии «Мактаби варзишии №1»-и шаҳр гузаронида шуд.
Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқаи варзишӣ  пеш аз ҳам дар амал татбиқ намудани дастуру супоришоти муҳими ҳукумату давлат ҷиҳати бештдошт ва густариши тарзи ҳаёти солим, ҳамчунин  мусоидати мунтазами ҷавонон дар ташвиқ ва рушду инкишофи  бозии футбол миёни ҷомеа ва дастгириву ҷалби ҷавононони болаёқати варзишгар ба ин намуди варзиш  мебошад. Дар мусобиқа 50 даста беш аз 800 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарон иштирок намуданд.
Дар натиҷа, байни ҷавонони солҳои таваллудашон 2000-2001 дастаи Гимназияи №4 сазовори ҷои якум эътироф шуд, дастаи гимназияи № 24 ба ҷои дувум соҳиб гардид ва дастаи Литсейи физики-математии №1 бошад ба ҷои сеюм сазовор дониста шуд.
Дар миёни ҷавонони солҳои таваллудашон  2002-2003 Гимназияи №4, сазовори ҷои аввал гардид. Ҷои дувумро дастаи МТМУ №14 ва мақоми сеюмро дастаи МТМУ №16 соҳиб шуданд.
Дар байни ҷавонони солҳои таваллудашон 2004-2005 Гимназияи №4 сазовори ҷои аввал, дастаи МТМУ №27 соҳиби ҷои дувум ва дастаи дастаи МТМУ №21 ба ҷои савум пазируфта шуданд.
Байни ҷавондухтарон бошад, дастаи Гимназияи №24 ба ҷои аввал, дастаи МТМУ №11 ба ҷои дувум ва дастаи Гимназияи №1 ба мавқоми сеюм сазовор гардиданд. Ғолибон ва бозингарони беҳтарин ин мусобиқаи шаҳрӣ бо ҷом, диплом, медал ва тӯҳфаҳои хотиравии Раиси шаҳр қадрдонӣ карда шуданнд.