(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Шиносоии сафирон аз фарҳангу адабиёти тоҷикШоми дирӯз дар ҷараёни сафари кории худ ба вилояти Суғд сафирони фавқулода ва мухтори давлатҳои гурӯҳи "Вишеград" ва Ҷумҳурии Латвия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷмаи таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи К. Хуҷандӣ ташриф оварда, бо ин мавзеи таърихию фарҳангӣ ва фароғатӣ  ошно гаштанд.
Меҳмононро масъулини ин муассисаи таърихӣ самимона пешвоз гирифта доири таъриху бунёди ин макони таърихӣ маълумоти муфассал доданд.
Меҳмонон аз хона-осорхонаи ориф Шайх  Камоли Хуҷандӣ  низ дидан намуда, доири урфу одат суннатҳои мардумӣ шинос гаштанд. Шиносоии сафирон аз фарҳангу адабиёти тоҷик Ҳангоми боздид ҳайати сафирон ҳамчунин доири арзишҳои миллӣ, ки дар ин макон ҷамъоварӣ гаштааст, иттилоъ гирифта бонувони ҳунрманд бошад аз маҳорати дӯзандагӣ, косибӣ ва кадбонугии худ намунаҳо пешниҳод карданд.
Хайати меҳмононро муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ ва муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Раъно Ҳошимзода ҳамроҳи намуданд.